ЮНЕСКО: «Ба муваффақияти маориф норасоии сармоягузорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ғизо монеа мешавад»

Февраль 19, 2023 15:48

ДУШАНБЕ, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши нави ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ ва Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид, новобаста ба он ки сармоягузорӣ дар тандурустии мактабӣ ва ғизо ба муваффақияти таҳсили кӯдакон таъсири назарраси мусбат мерасонад, дар ҳар сеюмин муассисаи таълимии ҷаҳон монанди пештара дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва воситаҳои заминавии беҳдоштӣ-техникӣ мавҷуд нест.

“Хонандагон дар мактабҳои бехатар ва солим беҳтар таҳсил мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ барои таъмини саломатӣ ва некӯаҳволӣ, аз ҷумла манбаъҳои асосии оби нӯшокӣ ва беҳдошт маблағ намерасад. ЮНЕСКО ва шарикони он аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки давлатҳоро барои сармоягузорияшон дар соҳаи тандурустӣ, ғизо ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мактабҳо дастгирӣ кунанд, зеро кӯдакон бояд шароити хубе дошта бошанд, то тавонанд тамоми маҳорату малакаи худро пурра нишон диҳанд», — изҳор дошт директори генералии ЮНЕСКО Одрэ Азуле.

Маърӯза оид ба «Омодаи омӯзиш ва рушд: солимӣ ва ғизо дар мактабҳо дар саросари ҷаҳон» нишон медиҳад, ки саломатӣ ва ғизо дар мактабҳо кӯдаконро ба таҳсил ва мондан дар мактаб ташвиқ менамояд. Танҳо ғизои мактабӣ фарогирӣ ва иштирокро мутаносибан 9 ва 8 фоиз зиёд мекунад.

Дегелминтизатсия ва иловаи микроэлементҳо метавонанд хонандагонро 2,5 соли дигар дар мактаб, дар ҷойҳое, ки камхунӣ ва сироятҳои кирм зиёданд, нигоҳ доранд. Дар ин гузориш ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз қабили беҳбуди нигоҳубини чашм, солимии равонӣ ва некӯаҳволии кӯдакон ва ҷилавгирӣ аз хушунат дар мактаб баррасӣ шудаанд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки ҳамаи ин тадбирҳо самараи назарраси сармоягузорӣ ба давлатҳо ва ҳамчунин беҳбуди зиндагии рӯзмарраи кӯдакон ва муҳити омӯзишӣ мебошанд. Масалан, барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ барои як доллари сармоягузорӣ 9 доллар фоида ба даст меоранд, дар ҳоле ки барномаҳои солимии равонии мактабӣ имкони ба даст овардани даромади сармоягузории 21,5 доллар барои як доллари сармоягузорӣ доранд.

Сармоягузориҳои нокифоя ва нобаробар

Агар аз 10 давлати ҷаҳон 9-тоаш ба барномаҳои тандурустӣ ва ғизои мактабӣ сармоягузорӣ кунанд, ин сармоягузориҳо дар минтақаҳо нобаробаранд ва дар муқоиса бо эҳтиёҷ аксар вақт нокифоя мебошанд. Уҳдадориҳои бештари ҳукуматҳои миллӣ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ заруранд. Дар саросари ҷаҳон ҳамасола барои қонеъ кардани ниёзҳои саломатии кӯдакону наврасони синни мактабӣ ҳамагӣ 2 миллиард доллар сармоягузорӣ мешавад, дар ҳоле ки барои таҳсили ин гурӯҳи синнусолӣ дар давлатҳои дорои даромади паст ва миёна тақрибан 210 миллиард доллар масраф мешавад.

Ҳоло тақрибан ҳар сеюмин мактаб (31%) ба оби тозаи ошомиданӣ ва воситаҳои одии беҳдошту тозагӣ дастрасӣ надорад. Ин маънои онро дорад, ки тахминан 584 миллион кӯдак ба хизматрасониҳои одӣ барои таъмин будан бо оби ошомиданӣ дар мактабҳо дастрасии кам ё тамоман надоранд; 2 нафар аз 5 нафари ин кӯдакон дар давлатҳои Африқо дар ҷануби Сахара зиндагӣ мекунанд. Ва дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хӯроки мактабиро таъмин мекунанд, тибқи арзёбӣ, 73 миллион кӯдакони бештар осебпазир ҳанӯз ҳам аз ин барномаҳои маҳаллии ғизодиҳии мактабӣ истифода намебаранд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 19, 2023 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид