130 даъватшаванда аз минтақаи Рашт чун ронандаи мошинҳои гаронвазн ба сафи Артиши миллӣ шомил мегардад

Март 30, 2023 19:03

РАШТ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ 130 нафар даъватшаванда аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн ба сафи Артиши миллӣ шомил мегардад, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Соҳибистиқлолии ҳар давлат аз доштани Артиши миллӣ маншаъ мегирад ва истиқлоли давлатӣ, бехатарии марзу буми мамлакат ба артиши пуриқтидору тавоно алоқамандии зич дорад. Артиши миллии Тоҷикистон аз имтиҳону озмоишҳои басе сангину вазнин гузашта, обу тоб ёфтааст ва имрӯз дар таъмини амнияту оромии ҷумҳуриамон саҳми арзанда мегузорад. Ҳамин аст, ки Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт ба неруи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ-  техникии варзиш табдил ёфта, дар ҷалби 130 ҷавон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳорӣ ба ҳайси мутахассис-ронанда саҳми арзанда дорад.

Тибқи иттилои сардори Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ноҳияи Рашт, имрӯзҳо ҷиҳати  омода намудани мутахассис-ронанда дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 ҷавони даъватшаванда касби ронандагии дараҷаи «С»-ро хонда, ронанда гардиданд. Аз ин шумора 15 нафар аз ноҳияи Рашт, 8 нафар аз ноҳияи Лахш ва 5 нафар аз ноҳияи Сангвор мебошад, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил мешаванд.

Ҳамчунин бо ташаббуси раисони ноҳияҳои минтақа аз ноҳияҳои Лахш 26 нафар, Сангвор 9 нафар, Тоҷикобод 15 нафар, Нуробод 20 нафар ва Рашт 32 нафар ҷавонони синни даъватӣ дар давраи омӯзишӣ  касби ронандаи мошинҳои гаронвазнро  аз худ намуда, дар рӯзи якуми даъвати баҳорӣ ихтиёран  ҳамчун мутахассис ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд.

АКС: Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар ноҳияи Рашт

Март 30, 2023 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар волидон ва омӯзгорони хонандагони фаъол қадрдонӣ шуданд
Аъзои Раёсати ФБНА бо нишони сарисинагии «30-солагии Фонди байналмилалии наҷоти Арал» сарфароз гардонида шуданд
Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд
Соли чорум аст, ки сокинону меҳмонон ва сайёҳон аз тамошои Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе баҳра мебаранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд
Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобӣ оғоз намуд
Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд
5 июн дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
Ҳамкории Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Федератсияи Русия тақвият меёбад