Ба муассисаҳои таҳсилӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ҳамадонӣ 10 компютери замонавӣ тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба якчанд муассисаҳои таҳсилот ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳавзаи интихоботии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ№35 ҳамчун кумаки моддӣ 10 компютери замонавӣ ва ду принтер тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ин иқдом бо мақсади мусоидат ба таъмини шароити зарурӣ барои кормандони соҳаи маорифу тиб ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагону мутахассисон ба роҳ монда шуд.
Бояд гуфт, ки дар пайравӣ ва дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сокинон ва кормандони саховатпешаи корхонаю ташкилоти мамлакат иқдоми хайрхоҳона анҷом дода истодаанд.
АКС аз бойгонӣ








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






