Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки беш аз 700 нафар занон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 700 нафар занону кормандони гуногуни ноҳия иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни он роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳозиринро ба Рӯзи Модар табрик намуда, иброз доштанд, ки саҳми босазои занон дар рушди устувор ва пойдории давлат назаррас буда, рушди соҳаеро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур кардан номумкин аст.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён атрофи нақши бонувон дар ташаккули давлати тоҷикон сухан гуфта, таъкид карданд, ки зан- модар воқеан нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш аст, фарзанди ӯ ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад.
Гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат равона карда шавад.

Тавассути дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат дар ҳоли афзоиш аст.
Хотиррасон гардид, ки яке аз корҳои назаррас дар самти соҳибмаърифат гардонидани занон- ин роҳандозӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистонӣ ва ҷалб намудани онҳо ба таҳсил мебошад. Дар муддати соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо духтарон ба воситаи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд.
Дар чорабинӣ шоирону ҳунармандони маъруфи мамлакат дар васфи зан- модар шеъру тарона сароида, ҳозиринро барои расидан ба қадру манзалати Модар бори дигар водор сохтанд.
АКС:АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






