Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони палатаи поёнии Парлумон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қазоқистон рӯзи якшанбе овоздиҳӣ дар интихоботи ғайринавбатии вакилони Маҷлис /палатаи поёнии Парлумон/ ба анҷом расид. Дар ин хусус дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботии мамлакат иттилоъ додааст.
Интихоботи Қазоқистонро 793 намояндаи 12 созмони байналмилалӣ ва 41 давлат назорат карданд.
Дар интихобот ҳафт ҳизби сиёсӣ: Ҳизби халқии Қазоқистон, Ҳизби демократии «Ак жол»/«Роҳи сафед»/, Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократӣ, Ҳизби сабзҳо, Ҳизби ватанпарастонаи халқӣ-демократии «Ауил» /«Деҳа»/, ҳизби «Амонат» ва ҳизби «Республика» иштирок доранд. Ҳадди гузариши ҳизб ба Маҷлис 5% овозҳоро ташкил медиҳад.
Вакилони Маҷлис бо низоми омехта интихоб мегарданд: аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ — 69 вакил, аз рӯи ҳавзаҳои интихоботии якмандатии ҳудудӣ — 29 вакил.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






