Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз шуд

Март 13, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла Гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва Фестивали дӯстии ҷавонон ҷаласаи корӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин Мусобиқаи 4-уми байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, Фестивали сеюми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар майдончаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар барномаҳо бо шаҳомати хосса баргузор карда мешаванд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Март 13, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид