Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, аз ҷумла Гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва Фестивали дӯстии ҷавонон ҷаласаи корӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин Мусобиқаи 4-уми байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, Фестивали сеюми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ва Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар майдончаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар барномаҳо бо шаҳомати хосса баргузор карда мешаванд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






