Дар Маҷлиси намояндагон вакилони мардумӣ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон медалҳои ҷашнӣ ва «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Тибқи қарорҳои шӯроҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар рушд ва таҳкими парламентаризм ва такмили асосҳои ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин иштироки фаъолона дар кори ин ниҳодҳо бо нишон, медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо медал «Барои таҳкими ҳамкории парлумонӣ дар доираи СААД» муовини раиси кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушд ва таҳкими парламентаризм ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо нишони фахрии 30-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовини раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзод, барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо ифтихорномаи ин ниҳод узви кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҳаёт Одинаев, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушд ва таҳкими парламентаризм ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо нишони фахрии 30-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовини сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Талабшо Шарифзода, барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо ифтихорномаи ин ниҳод мушовири калони кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бахтиёр Шамолиён ва дигарон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






