Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рўзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Март 7, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтиромаш ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии ў вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад,  қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус маҳсуб мешавад. Занони тоҷик хушбахту саодатманданд, ки мисли  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат доранд, ки   ҳамеша баҳри  баробарҳуқуқии гендерӣ, ки ҳадафи аслиаш баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи зан-модар дар ҷомеа аст,  саъю талош меварзанд. Чунин иброз гардид дар   ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Модар-сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти мунаввар», ки дар  Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рўзи Модар доир гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст, андешидани тадбирҳои зарурӣ идома дорад.

Иштирокчиёни ҳамоиш  иброз доштанд, ки Ҳукумату давлати Тоҷикистон, бо назардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст.

«Аз ин рў занону модарони мо ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бештар мерасанд ва ин неъмати бебаҳои бадастовардаи давлату миллатро мисли гавҳараки чашм ҳифз мекунанд»,- илова намуданд онҳо.

АКС: БССТ «Саноатсодиротбонк»

Март 7, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст