Дар шаҳри Лондон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

Март 27, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 март дар шаҳри Лондон бо мақсади таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди ҳамватанони муқими Британияи Кабир иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози барномаи консертӣ дар толори бошукуҳ тибқи анъанаҳои наврӯзӣ дастурхони «7 син ва 7 шин» ороста шуд.

Хотири ҳамаи меҳмононро ҳунармандони хушовоз ва маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати намояндагии дипломатӣ маҳз барои ин ҷашн ба Лондон ташриф оварда буданд, бо сурудҳои ҷаззобу дилнишини худ шод намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд