ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Рӯшон 16 ҳазор дарахти мевадору сояафкан шинонда мешавад

Март 12, 2023 14:27

РӮШОН, 12.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонону боғдорони ноҳияи Рӯшон  қитъаҳои заминро мутобиқ ба қоидаҳои агротехникӣ барои шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан омода мекунанд.

Сардори бахши кишоварзии ноҳия Шоҳинбек Комилбеков ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “боронгариҳои фаслҳои тирамоҳу зимистон барои кишоварзон имконияти хуби ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ва васеъ намудани масоҳати боғу ҷангалзорро фароҳам овард. Соли равон дар деҳоти ноҳия дар масоҳати 7,5 гектар боғҳои нав  ба истифода дода мешаванд. Ҳамзамон 30 гектар замини бекорхобида дар кӯҳдоманҳо тахту ҳамвор ва барои шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда омода карда мешавад. Мо тасмим  гирифтаем, ки дар баҳори имсола дар кӯҳдоманҳои баъзе аз деҳоти ноҳия боғҳои интенсивӣ бунёд намоем. Бунёди чунин боғҳо дар шароити минтақаи кӯҳистон аз ду ҷиҳат манфиатовар аст. Аввал ин ки заминро мустаҳкам ва аз резиши хоку сангпораҳо ва ҳатто тармаву сел пешгирӣ мекунад ва дуюм, ниҳолҳои ин боғҳо қадпаст буда, барои анҷом додани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосили дарахтон мувофиқ буда, хароҷоти зиёд талаб намекунад”.

Назар ба ақидаи мутахассисони соҳаи боғдорӣ, меваи чунин боғҳо нисбатан хушлаззату ширадор мебошад. Боз як бартарии дигари ин боғҳо дар миқдори ниҳолҳо мебошад. Агар дар боғҳои маъмулии дорои як гектар ҳазор бех ниҳол шинонда шавад, дар боғҳои интенсивӣ як баробар бештар ниҳол шинонида мешаванд.

Сардори бахши кишоварзии ноҳия гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия соли равон  дар маркази ноҳия ва деҳот зиёда аз 16 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонда мешавад.

Шинондани ниҳол кори саҳлу осон аст, аммо таҷриба нишон медиҳад,  ки ҳифзу нигоҳдории он заҳмати бештар талаб мекунад. Ҳамасола дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор ниҳол шинонда мешавад, вале аз нисф бештари дарахтон то баҳори дигар ё аз беобӣ пажмурдаву хушк  мешаванд ва ё туъмаи ҳайвоноти хонагӣ мегарданд.

Бинобар ин дар ноҳия соли равон аҳамияти бештар на ба миқдор, балки ба ҳифзу нигоҳдории дарахтон дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон

Март 12, 2023 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар Тоҷикистон бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда мешавад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
16 июн иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Дар Душанбе доир ба мавзуи таъсири муҳити оилаи солим ба тарбияи кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаи таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд
То охири соли равон Бонки осиёии рушд дар бахшҳои энергетика ва маориф ду лоиҳаи дигар қабул менамояд
БО «ХОВАР» ВА БОХАБАР! Имрӯз аз таъсиси Радиои «Ховар» 12 сол сипарӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд
Дар Душанбе масъалаи таҷдиди роҳи мошингарди «Гулистон-Фархор-Панҷ –Дӯстӣ» баррасӣ карда шуд