ФУТБОЛ. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кувайт бозии дӯстона баргузор карданд

Март 29, 2023 10:59

ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 28 март дастаҳои  мунтахаби миллии Тоҷикистон ва  Кувайт оид ба футбол бозии дӯстона доир намуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт дар ҳузури 1000 мухлиси футбол  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон  аз дастаи мунтахаби  Кувайт бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардид.

Қаблан дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ ин дастаҳо танҳо як маротиба – 6 декабри соли 2004 дар доираи бозии дӯстона дар Ал-Кувайт вохӯрда буданд. Он рақобат бо пирӯзии дастаи мунтахаби  Кувайт  бо ҳисоби   3:0 анҷом ёфта буд.

Бозии дӯстона

 Кувайт – ТОҶИКИСТОН  2-1

Голҳо: Бадер Тарек Алӣ, 9 (1:0). Шабайб Алӣ-Халдӣ, 61 (2:0). Алишер  Ҷалилов, 90 (2:1).

Ал-Кувайт, Варзишгоҳи  байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад. 1000 тамошобин.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 29, 2023 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад