ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагии худро ба бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
23 март дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Абу-Забӣ якуним соат ба машқ машғул буд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз рӯйи барномаи инфиродӣ кор карданд ва ширкати онҳо дар бозии оянда зери суол аст.
Бояд гуфт, ки бозии дӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Забӣ баргузор мешавад. Бозӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад






