ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗ! Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, соати 02:30-и 21 март Наврӯз ба Тоҷикистон фаро расид

Март 21, 2023 10:51

 ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз рӯзи аввалинест, ки Наврӯз дар сарзамини худ- Тоҷикистон бо шукуҳу таҷаллии фархунда ҳукмфармоӣ дорад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, дар Тоҷикистон  Наврӯзи имсола  имрӯз, 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро расид. Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ гузашт, ки онро баробаршавии шабу рӯз меноманд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон-   Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Албания, Косово, Курдистон, Муғулистон, Гурҷистон ва Ироқ ҳамчун ҷашни расмии миллӣ таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон Наврӯз расман чаҳор рӯз — 21, 22, 23 ва 24 март таҷлил мегардад.

Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ягон вобастагӣ ба дин надорад. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, зеро онро аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.

Бояд гуфт, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар замонҳои пеш  Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада, аз соли ҷадид истиқбол мекарданд. Наврӯз зиндатарин ҷашн дар рӯи Замин буда, воқеан ҳам тавъам будани соли нав ба он ва сабзиши тозаи ҷаҳон башорати он аст. Он ҳар сол як маротиба чун ҷашни бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тӯли таърих рӯ ба рӯ шудааст, созгор омада ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст.

Ба андешаи муаррихон, дар аҳди Сосониён Наврӯз 30 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Инчунин зикр шудааст, ки Наврӯз дар Хуҷанду Хатлон 7 рӯз, дар Самарқанду Бунҷикат 15 рӯз таҷлил карда мешуд.

Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз  бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад. Мояи ифтихор аст, ки  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Имрўз Наврўзи оламафрўз дар тамоми олам шинохта шудаву  мардумони дунёро омадани онро пазмон мешаванд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Март 21, 2023 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст