«JAC-МОТОРС». Дар шаҳри Душанбе намояндагии ин ширкати истеҳсоли автомобил ифтитоҳ ёфт

Март 18, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди воситаҳои нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи ширкати автомобилбарории «JAC-Моторс»— и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Намояндагии «JAC Motors» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни ҳол  барои мизоҷон фурӯши 11 модели автомобилҳои тамғаи «JAC»-ро дастрас намудааст. Аз ҷумла: 3 навъ автомобили сабукрави барқӣ, 3 навъ автомобили сабукрав бо муҳаррики дарунсӯз, 2 навъ автомобили мусофирбар, 3 навъ автомобили боркаш. «JAC Motors Tajikistan» аввалин Намояндагии ширкат дар қаламрави Тоҷикистон мебошад, ки воситаҳои нақлиёти автомобилии барқиро бо кафолат ба аҳолӣ пешниҳод менамояд.

Дар маросими ифтитоҳ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо — «АДРИА», намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, саноат ва технологияи нав, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими Душанбе, сохторҳои шаҳрӣ ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Гуфта шуд, ки намояндагии ширкати автомобилбарории  «JAC-Моторс» дар заминаи  ҶДММ «Сити Сервис ЛТД», ки ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва фурӯши онҳо махсус гардонда шудааст, ташкил шуд.

«JAC Motors» зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро соли 1964 оғоз намудааст.

Дар айни замон автомобилҳои ширкати мазкур ба зиёда аз 130 давлати ҷаҳон содирот мешаванд. Дар баробари ин, ширкат соли 2021 дар ҷоизаи «Chinese Automobile Brand» миёни дигар истеҳсолкунандагони автомобил соҳиби ҷойи намоён гардид.


«JAC-Моторс» фаъолияти худро аз истеҳсоли воситаҳои нақлиёти боркаш оғоз намуда, дар айни замон ба истеҳсоли автомобилҳои сабукрав, мусофирбар, боркаши сабуку вазнин ва автомобилҳои барқӣ машғул мебошад.

ҶДММ «Сити Сервис ЛТД» бо мақсади таъмини саривақтии қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автобусҳои шаҳри Душанбе соли 2018 таъсис дода шудааст.  Ва афзалияти асосии Сити Сервис нисбат ба дигар корхонаҳо дар он аст, ки ҳамкориро бо ширкатҳои хориҷӣ бештар ба роҳ мондааст ва яке аз ширкатҳо «JAC Motors» ба шумор меравад.

Тазаккур бояд дод, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ дар доираи  «Барномаи давлатии рушди воситаҳои нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» афзалият ба воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ (электромобил) ва хизматрасонии техникии онҳо равона мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
Дар Осиёи Марказӣ ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» таҳният мегўянд, — бардошт аз ҷашни наврўзӣ дар Бӯстон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Катерин Рассел мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 гектар замин обёрӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар баргузории Конфронси оби СММ-2023 — таассуроти роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ
ТАОМҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР БАДАХШОН. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус маълумот ҷамъоварӣ намуд