«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст карда шуд. Дар он ҷойи аввалро Сайрам Сармисоқова аз ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюмро Зебунниссо Асоева аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюмро шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар озмуни мазкур роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Дар даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла, дар пухту пази якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.
Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин»- ин ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.


Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда шуд.


Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷони САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






