МАҶМААИ «ДУОИ МОДАР». Он нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо нишони арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маҷмааи «Дуои Модар»- яке дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигаре дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанди вилояти Суғд қомат афрохтааст, ки ҳамасола дар назди онҳо ҳамоишҳои идона бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешаванд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар тасмим гирифтем оид ба ин маҷмааҳо, ки ҳамчун намунаи хуби арҷгузорӣ ба хизматҳои Зан-Модари тоҷик бунёд гардидаанд, маълумот диҳем.
Маҷмааи «Дуои Модар» дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб рамзи ҳифзу амонист
Маҷмааи «Дуои Модар» дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати қариб 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст. Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли «болои кат даст ба дуо бардошта» сохта шудааст, ки дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақият дониста мешавад.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки он заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунад. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи «Дуои Модар» ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ азамату бузургии Модарро васф карда, дар ситоиши Модар фармудаанд: «Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад».
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи маҷмаа сохтмони онро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандакорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда буданд.
Ҳама эҷоду бунёд самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст
Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Модар аст. Дунё дар домони поки Модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.
Бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ муҷассамаи «Дуои модар» дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии Зан-Модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуда, дар мамлакат аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи Модар мебошад.

Муҷассамаи «Дуои модар» бо пояаш наздик ба 13 метр буда, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.
Саҳни муҷассамаи «Дуои модар» бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шудааст. Ин мавзеи ҷолиби тамошо барои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ буда, дуои Модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.
Ҳамзамон бояд иброз дошт, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар мамлакати мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад. Тавре ки имрӯз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар таъкид намуданд: «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст».
Яъне, Модар ганҷинаи бебаҳо ва сароғози ҳама оғозҳо мебошад. Пас месазад, ки ҳамеша Зан-Модарро гиромӣ дорем ва ба хизматҳои бузургаш дар ҷаҳони муосир арҷ гузорем.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






