Нашри зиёда аз 600 рӯзномаю маҷалла дар мамлакат бозгӯи рушди фазои иттилоотии Тоҷикистон аст. Эҳдо ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Март 11, 2023 08:31

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 март — Рӯзи матбуоти тоҷик!  111 сол муқаддам- 11 марти соли 1912  нахустин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» бо ташаббуси иддае аз маърифатпарварон ва равшанфикрони тоҷик- Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким рӯи чоп омад ва яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии миллати тоҷик дар садаи ХХ гардид. Барои таъсиси  нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллати тоҷик, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳми босазо гузоштанд.

Чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ -«Бухорои шариф» дар он даврони тираву тори Аморати Бухоро  дар худшиносии миллати тоҷик гардиши бузурге буд. Дар саҳифаҳои  «Бухорои шариф» дар он солҳо масъалаҳои мубрам марбут ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии аморати Бухоро ва ҷаҳон интишор меёфт.

Дар мавриди нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» сардафтари адабиёти  муосири тоҷик  Устод Садриддин Айнӣ чунин гуфтааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Инчунин нашри «Бухорои шариф» барои ба  майдони матбуот  ворид шудану фаъолият намудани нашрияҳои тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо заминаи мусоид гузошт.  Рӯзномаи «Бухорои шариф»  бо нашри 153 шумораи худ дар бедории миллии тоҷикон, ҳамчунин бедории ҳисси ватанхоҳиву озодихоҳии тоҷикон нақши бузург бозида, мутаассифона, нашри он бо  фармони Амири Бухоро Олимхон  2 январи соли 1913 қатъ гардид. Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамар ба сиёсати замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум таъсиру такони бузург расонд.

Саҳми бузурги Айнӣ ва Лоҳутӣ дар таъсис ва чопи аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Парлумони мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик эълон гардид. Яъне   дар Тоҷикистон санаи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ -«Бухорои шариф» ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр эълон карда шуд. Ҳангоми варақ гардонидани саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик  воқиф  мегардем, ки  барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат-устодон  Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд.

Ин аст, ки Устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои қарни ХХ гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Дар саҳифаҳои нахустин рӯзномаҳои тоҷикӣ, назири  «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Шуълаи инқилоб», «Самарқанд», «Ойина» зиндагиномаи халқи тоҷик дарҷ гардидааст.

Имрӯз дар майдони матбуоти мамлакат садҳо рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти иқтисодиёти  мамлакат нақши назаррас  мегузоранд.

Конститутсияи Тоҷикистон озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи ВАО-ро кафолат медиҳад

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, пайваста такмил дода мешавад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад. Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма  дар мамлакат тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама»,  «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ»   ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

Беш аз 600 рӯзномаю маҷалла — бозгӯи рушди фазои иттилоотии Тоҷикистон

Ҳоло дар Тоҷикистон 376 рӯзнома -112 давлатӣ ва 264 хусусию ҷамъиятӣ, 245 маҷалла- 114 давлатӣ ва 131 хусусию ҷамъиятӣ, 319 матбаа, аз он 37 адад давлатӣ, 282 адад хусусию ҷамъиятӣ, 71 нашриёт, аз ин 10 адад давлатӣ ва 61 адад хусусию ҷамъиятӣ, 1  хабаргузории иттилоотии давлатӣ ва 10  мустақил фаъолият менамоянд, ки дар рушди фазои иттилоотии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд. Ин омор мутаносибан 26,8 фоиз муассисаҳои давлатӣ ва 73,2 фоиз муассисаҳои хусусию ҷамъиятиро ташкил дода, бозгӯи густариши мунтазами соҳа дар Тоҷикистон мебошад.

Асри ХХI — асри иттилоот

Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи ҷудонопазиру муҳими  ҷомеаи муосири Тоҷикистон  буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад. Дар замони муосир барои  ба таври оҷилӣ ва сареҳ ба ҷомеа расонидани иттилоот дар радифи матбуоти чопӣ  воситаҳои ахбори оммаи электронӣ- шабакаҳои радио, телевизион, интернет –шабакаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург мегузоранд. Ин аст, ки асри 21-ро асри иттилоот меноманд, зеро дар шароити кунунӣ дастрасӣ ба иттилоот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти ҷомеа ва  инсоният табдил ёфтааст.

Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чӣ гуна ҷоиза аст?

Бояд тазаккур дод, ки  ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик барандагони Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ муайян гардида,  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар бахшҳои радио, телевизион ва матбуот бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гардонида мешаванд.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  46 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правленияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст. Ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дурнамои  рушди журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони мамлакат мебошад.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба рӯзноманигороне дода мешавад, ки аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд. Инчунин ҷоизаи мазкур ба муаллифоне, ки силсилаи очерку мақолаҳои беҳтарини публисистӣ, барномаҳои баландмазмуни телевизионӣ ва гуфторҳои радиоӣ таҳия менамоянд, тақдим карда мешавад.

Ба барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ диплом, нишони сарисинагӣ  ва мукофотпулӣ супорида мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, 11 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардида, иддае аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи  мамлакат бо унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», инчунин диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 11, 2023 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад