НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои тоҷикон аст, ки таҷлили он аз нахустин рӯзи моҳи солшумории шамсӣ – фарвардинмоҳ (ҳамал) ҳамчун Соли нав ва иди баҳору киштукор оғоз мешавад. Оинҳои наврӯзӣ дар навбати худ аз ҷумлаи анъанаҳоеанд, ки онро миллати тоҷик тӯли қарнҳо пос дошта, ба имрӯзиён ба мерос гузоштааст.
Дар мавриди расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ таваҷҷуҳ намоед ба андешаҳои сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназари Каримиён.
— Яке аз русуми наврӯзие, ки то ҳол идома дорад, сабзонидани ғалладона мебошад. Мардум яке аз навъҳои ғалладонаро гирифта, як моҳ пеш дар ҷои махсусе кошта, месабзониданд ва аз рӯйи сабзиши ғалладона корҳои деҳқонии худро пешбинӣ мекарданд. Ин анъана аз замони Сосониён ба мо мерос мондааст. Яъне дар аҳди Сосониён бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар саҳни қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом рост мекарданд ва бар саҳни ҳар яке навъе аз ғалладона, аз қабили гандуму ҷав, биринҷу мош, кунҷиду наск, нахуду боқило ва ғайра мекиштанд. Аз рӯйи муоинаи сабзиш кадоме боровартар бувад, онро бештар кишт мекарданд ва таваҷҷуҳи шоҳони Сосонӣ ба сабзаи ҷав бештар будааст. Бори ом додан низ аз ин рӯзгор ба ёдгор мондааст, ки дар замони ҳозира ҳамчун ҳадяи наврӯзӣ ба анъана даромадааст.
Аҷдоди гузаштаи мо Наврӯзро хеле хушнудона истиқбол мекарданд. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳамаи мардону занон ва кӯдакону ҷавонон либосҳои идона ба бар карда, ба саҳро мебаромаданд, сайругашт мекарданд ва сурудҳо мехонданд. Занҳо дар як ҷо гирд омада, ба рӯйи ҳамдигар гул мепошиданд ва ҳамдигарро бо ин иди фархунда табрик мегуфтанд. Ҷавонписарону духтарон хурсандиҳо намуда, ба ҳамдигар обпошӣ мекарданд. Баъд аз сайругашт мардум гурӯҳ-гурӯҳ дар ягон ҷойи мувофиқи саҳро, ки онро Наврӯзгоҳ мегуфтанд, ё дар меҳмонхонае гирд меомаданд ва хони наврӯзӣ меоростанд ва он хонро «ҳафт шин» мегуфтанд, ки ҳар як нозу неъмати дар рӯйи хон буда бо ҳарфи шин сар мешуд: шир, ширинӣ, шакар, шароб, шоҳ (номи як навъ рустании кӯҳӣ), шамъ ва шарбат. Ҳар як нозу неъмати хони наврӯзӣ рамзи орзуву омоли халқ дар Соли нав мебошад. Борбади бузург барои ҳар як рӯзи сол сесаду шаст оҳанг офарида буд, хуштар аз ҳамдигар, хосса аз барои рӯзҳои моҳи фарвардин, яъне ҳамал, ки дилработарин оҳангҳо буд. Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мо мардумони маърифатнок ва пешқадами замони худ буданд. Ба ин нозу неъмати хони наврӯзии онон шаҳодат медиҳад.
Дар ҳар маҳале Наврӯзро вобаста ба шароит ва анъанаҳои хоси хеш ҷашн мегирифтанд. Дар Суғду Самарқанду Бухорою Хатлону Ҳисор пеш аз рӯзи Наврӯз духтаронро «бахткушоён» мекарданд. Ҳоло номи ин маросим тағйир карда, онро дар Бухоро «мӯлҷардароён», дар Самарқанд «мунисакпӯшон» ва дар Қаратоғи Ҳисор «калтачапӯшонӣ» меноманд. Ҳамаи ин номҳо як рамз дорад- яъне хушбахтии фарзанд, ба ӯ бахти сафеду толеи баланду нек орзу намудан. Духтар, ки болиғ шуд, ӯро ба гармоба мебурданд. Сипас ба вай либоси наву тоза ороставу зару зевар пироста мекарданд. Баъд дар мобайни хонаи калоне духтарро шинонда, дугонаҳояш мӯйҳояшро майдабофӣ мекунанд. Ин ҷараён бо мусиқӣ (аксар бо доира) ва суруду таронахонӣ анҷом мепазирад. Баъд ходима духтарро пироҳани «бахт», ки рангаш сапед аст, мепӯшонад. Дар ин асно волидайн ба сари духтар тангаву қандалот ва хушкмева мепошанд ва ҳар яке бо талош онҳоро чида, волидайнро табрик мегӯянд.
Дар минтақаҳои номбаршуда ҷашни Наврӯз як ҳафта идома меёфт. Рӯзона ҳар гуна бозиҳо ташкил мекарданд, шабона занҳо суманаку ҳалиса мепухтанду ҷавонон тарфбозӣ (оташбозӣ) ва мушакпаронӣ карда, базмҳои шабона меоростанд. Пеш аз Наврӯз аҳли фазлу фарҳанг «Идӣ» (як саҳифаи сабзранг, ки дар он чаҳор мисраъ шеър ё як рубоӣ хушнависӣ шуда буд) менавиштанду тавассути кӯдакон онҳоро ба мардум паҳн мекарданд.
Дар тӯли таърих замонаҳо ва зимомдорони он тағйир ёфтаанд, давлатҳои абарқудрат ва тоҷу тахти шоҳони ҷаҳонхоҳ вожгун гардид, вале Наврӯзи оламафрӯз дар сайёраи Замин то ба ин замон боқӣ монд, зеро ба мазҳабе ва ба миллате вобастагӣ надорад, баръакс, парварандаи некиҳои зиндагӣ, ризқу рӯзии мардум, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагии инсон аст. Аз ҳамин ҷост, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тавсиб расид. Он бо пешниҳоди давлатҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмиллалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.
Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми байнидавалатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид. Дар ин кори хайру наҷиб саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Пешвои муаззами миллат дар мавриди мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз барҳақ чунин изҳори андеша намудаанд: «Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд… Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро бо ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».
Хуш аст, ки имрӯзҳо Наврӯзи фархундаву хуҷастапайро дар мақоми давлатию байналмилалӣ ва ба тарзи умум ҷашн мегирем ва аз ин сарфарозем.
Имомназари КАРИМИЁН,
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз