«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 21 март дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврўзи Душанбе-2023» баргузор гардид, ки дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бародаршаҳрҳо ва ташкилотҳои аъзо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, сохтроҳои шаҳрӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Фестивалро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода иштирокдорон ва меҳмонони Фестивалро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфт.
Сипас Раиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон Элдар Азизов, муовини Раиси ҳукумати шаҳри Минск Лазаревич Надежда Анатолевна, муовини Раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Арби Абубакров сухан гуфта, саҳми назарраси Тоҷикистонро дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз баланд арзёбӣ намуда, ба шаҳри сайёҳӣ ва макони писандидаи онҳо табдил ёфтани пойтахти тоҷикон — Душанберо махсус таъкид намуданд.
Дар Фестивали мазкур паёмҳои табрикии видеоии Раиси шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Хаочзи ва Муовини Дабири кулли Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) Ли Баочун ироа гардиданд.
Дар Фестивали мазкур роҳбарияти вазорату кумитаҳо ва идораҳои мамлакат оид ба паҳлуҳои гуногуни Ҷашни байналмилалии Наврўз маъруза карданд.
Қисмати дигари Фестивали байналмилалии «Наврўзи Душанбе-2023» дар «Боғи Ирам»-и пойтахт доир мегардад. Дар ин хусус тафсилоти бештари АМИТ «Ховар» пешниҳод карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?






