ПАЁМИ МАОРИФПАРВАРОНА ВА ОЯНДАБИН. Андешаҳои академик Ҳикмат Ҳисориев

Март 4, 2023 16:06

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 декабри соли 2023 мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва маърифати ҷомеа эътироф шудааст. Барҳак, чуноне ки дар он омадааст: «Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст, миллат бесавод ва ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Маҳз ба ҳамин хотир… ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ — саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад». Чунин ибрози назар намудааст  академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳикмат Ҳисориев дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расид.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мешаванд. 

— Мо, олимон, омӯзгорон ва аҳли зиё бояд ин нуктаҳои Паёмро  роҳнамои фаъолияти илмию омӯзгории хеш қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудан ва ба зинаи имрӯзаи илми муосир ва кадри сазовори имрӯзу фардои ҷумҳурӣ расонидани донишҷӯёни тоҷик набояд малакаю таҷрибаю заҳмати поки хешро дареғ дорем.

Дар доираи ҳамин суханони пурмуҳтаво ва дастури оқилонаю олии Пешвои миллат ва барои ба сатҳи баланди илмию муҳандисӣ расидан, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагону донишҷӯён зарур аст. Дар ин бобат Президенти ҷумҳурӣ борҳо дар вохӯриҳояшон бо аҳли зиё ва донишҷӯёну ҷавонон ҳамасола дар «Рӯзи Дониш» — 1 сентябр ва кушодашавии мактабҳои нави замонавӣ, донишгоҳҳо, муасиссаю иншооти нав ва дигар суханрониҳояшон иброз менамоянд.

Зарурати воқеист, ки сифати илмварзию донишандӯзиро дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносию муҳандисӣ ва тиб дар ҷумҳуриамон ҳарчӣ зудтар бояд ба сатҳе расонем, ки олиму муҳандис ва кишоварзу табиби тоҷик тавонад баробар бо ҳаммаслаки худ аз мамлакатҳои мутараққӣ таҳқиқот барад, бо забону технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ кор барад ва онро дар амал татбиқ карда тавонад. Оре, барои ба ин мақсад ноил шудан даҳсолаҳо зарур аст. Аммо интизор шудан аз ин беш боз ҳам қафомонии технологию иқтисодиро ба бор меорад.

Ба ақидаи банда, барои ба замони муосири технологӣ ҷавобгӯ будани кадрҳои оянда тарзи омӯзондани илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзиро аз таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ сар карда, то мактабҳои миёнаи умумӣ, гимназияву литсейҳо ва фарогир бо донишгоҳҳои олии  ҷумҳурӣ ба куллӣ тағйир ва такмил бояд дод.

Пешниҳод менамоям, ки танҳо ба беҳтарин истеъдодҳо ва хонандагони хубу аълохон, ки баъди хатми синфи 9 таҳсилоти нопурраи миёнаро доро мегарданд, барои идомаи хониш дар синфҳои 10 ва 11-и таҳсилоти пурраи миёна тавсия ва роҳхат дода шавад. Аълохону соҳибистеъдод дар ҳар мактаби ҷумҳурӣ кам нест ва онҳо бо дониши воқеии худ ва бе ҷалби воситаҳои дигар қодиранд донишгоҳи олии интихобкардаашонро муваффақона хатм намоянд. Аз байни чунин хатмкунандагон ба беҳтаринҳо роҳхат ва ё тавсияномаҳои мушаххас дода шавад, ки ба боргоҳи Академияҳои миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои рабтдошта ба илми муосир, аспирантура ва докторантураи мақсаднок ворид гашта, кашшофи асрори нуҳуфтаи илми муосир гарданд.

Дар навбати худ, дар муассисаҳое, ки ҷавонони соҳибистеъдод ба аспирантура ва докторантура ворид мегарданд, шароити беҳтарини таҳқиқотиро дар озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази технологияи сатҳи ҷаҳонӣ муҳайё бояд кард. Ҳамчунин онҳо бояд ба одитарин макони зист (хобгоҳ), варзишгоҳ ва истироҳатгоҳ (ба монанди «Академшаҳраки Дубна») таъмин бошанд.

Танҳо баъд аз тарбияи мақсадноки ҷавонони толибилму соҳибистеъдод ва ватандӯст мо метавонем ба кашфиёту навовариҳои илмию технологии ҷавобгӯй ба сатҳи ҷаҳонӣ умед бандем.

Ба ақидаи банда, хонандагони миёназеҳнеро, ки аттестати синфи 9-ро бо баҳои аз 4 ва 5 пасттар соҳиб мегарданд, ба омӯзишгоҳҳои гуногуни касбӣ, техникумҳо ва дигар муассисаҳои ҳунаромӯзӣ тавсия намудан мувофиқи мақсад аст. Умед аст, ки бештари онҳо  ҳунармандони соҳибкасб ва кордони соҳаҳои гуногуни истеҳсолотию хоҷагидорӣ гардида, дар истеҳсоли неъматҳои моддии мамлакат саҳми муайян хоҳанд гузошт.

Аммо таҷриба нишон медиҳад, бештари донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ танҳо аз иҷрои нақшаҳои миқдории дохилшавандагон ҳисобот медиҳанд. Аз ин ҷост, ки шумораи донишҷӯй, магистру аспиранту докторантҳоро дар самтҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва муҳандисию тиб баъзан аз ҳисоби хатмкардагони нолоиқу кундзеҳн пур мекунанд. Магар умед бастан мумкин аст, ки аз байни чунинҳо шахси бофарҳанг, олим, ихтироъкор, навовар, табиб ва ё муҳандиси варзида барояд?

— Албатта не!

Онҳо танҳо нақшаҳои миқдориро пур мекунанд, на сифати маърифатнокиро. Бо миқдори зиёди дипломдорони нолоиқ ва кундзеҳн маърифат дар чунин донишгоҳҳою муассисаҳои илмӣ ва дар кулл дар ҷумҳурӣ костаю сифати пастро доро мегардад. Пӯшида нест, ки бархе аз чунин дипломдорҳо низ соҳиби вазифаҳои масъул мегарданд, ки аз ноуҳдабароию бемасъулиятӣ дар умум истеҳсоли неъматҳои моддии мамлакатамонро бадсифату камарзиш мегардонанд.

Дар ин бобат узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор С. Ятимов дар мақолаи таҳлилии «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» хеле бамаврид иброз намудааст: «… таҷрибаи амалӣ нишон медиҳад, ки сифати кори мактаби имрӯза, дониши хонандагон, мутаносибии маърифатнокии шогирдон бо зарфияти синну сол ва дараҷаи таҳсил, бо шароити ҳақиқие, ки барои муаллимону талабагон омода гардидааст, дар мувофиқати пурра нест».

Чӣ бояд кард?

Дар Паёми роҳнамо  мактаб ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва маърифати ҷомеа эътироф шуда, таъкид гардидааст: «…Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ — саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад».

Бинобар ҳамин, андешаи ман ин аст, ки Вазорати маориф ва илм аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сар карда, фарогир то донишгоҳҳои олии мамлакат барои ҳар фанни илмҳои дақиқ, чун физика, химия, биология, астрономия, геология ва ғ. озмоишгоҳҳои хосаи таҷрибагузаронии муҷаҳҳазу ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаро бояд таъмин намояд, ки дар он хонанда ва ё толибилмро омӯзгор тавонад бо баъзе асрори ин илмҳо шинос намояд. Хонанда низ тавонад дар таҷриба ва ё амал намунаеро аз он санҷад ва возеҳ бубинад.

Масалан, хонанда ва ё толибилм дар «Озмоишгоҳи химия» дар таҷриба аз элементҳои сода ва алоҳидаи химиявӣ моддаҳо ва дигар пайвастагиҳои мураккаб ва ё баръакси онро тавонад ҳосил ва ё таҷзия намояд. Дар «Озмоишгоҳи физика» хонанда табдили ҳаракати механикиро ба энергия ва аз он пайдо шудани рӯшноӣ ва энергияро омӯзад, худ онро таҷриба ва ҳосил намояд. Дар «Озмоишгоҳи биология» толибилм бояд сохтори дохилии ҳуҷайра ва узвҳои микросохторҳои онро (ядро, митохондрия, хлоропласт ва ғ.) дар зери заррабини (микроскопҳои рӯшноӣ ва электронӣ) ҳозиразамон бевосита бинад ва омӯзад. Ҳангоми мушоҳидаи қатраи об дар зери микроскоп хонанда худ бинад, ки дар он садҳо организмҳои якҳуҷайра (обсабзҳо, ҳашароти обӣ ва ғ.), ҳазорҳо ва миллионҳо бактерияҳо фаъолияти ҳаётӣ мебаранд…

Гуногунӣ ва табдилёбии моддаҳои сода, мураккаб, пойдории энергия ва ҳаётгузаронии организмҳоро дида, хонандаю толибилми бомаҳорат ҳатман ба омӯзиши асрори беинтиҳои табиат шавқу завқ пайдо мекунад. Танҳо аз сафи чунин истеъдодҳо олимон, муҳандисон ва ихтироъкорони ватанӣ сабзида мебароянд, ки қодиранд ҷумҳуриамонро ба зинаҳои баланди маърифату технологияҳои пешқадам расонанд.

Тарбияи чунин истеъдодҳо ба дониш ва маҳорати педагогии устодон вобастагии зич дорад. Омӯзгори бомаҳорату ватандӯст метавонад донишварзони ҳақиқӣ ва поквиҷдон тарбия намояд, ки ба миллату Ватан хидмати софдилона намоянд. Хушбахтона, сафи чунин омӯзгорон ва шогирдон рӯз ба рӯз бо афзудани мунтазами ҳавасмандии моддии онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат меафзояд. Бинобар ҳамин, тарбияи устодони бомаҳорат ва омӯзгорони боистеъдоду муносиби талаботи замон донишманду ояндабин низ зарруратест ногузир. Зеро бо надоштани МУАЛЛИМ-и бомаҳорату ояндабин мо наметавонем ба мақсадҳои олӣ, тарбияи ҷавонони ихтироъкору навовар ва баландбардори қудрати иқтисодию технологии ҷумҳуриамон расем. Хуллас, мақсади асосӣ ва наздиктарини донишгоҳҳо, муасиссаҳои илмӣ ва омӯзгорон бояд тарбияи шогирдони соҳибкасб, донишманду ватандӯст бошад, на пур намудани нақшаҳои миқдорӣ, ки бештари онҳо пешаи омӯзгорию илмро тарк намуда, ба дигар соҳаҳо мегузаранд.

Илова бар ин, барои аз бар намудан ва мақсаднок истифода бурдани технологияи ҳозиразамон, ки ба мамлакат аз давлатҳои пешрафтаи дунё ворид мегардад, ба мутахасиссони ҷавон барои аз бар намудани нозукиҳо ва истифода бурдани технологияи нав донистани забони хориҷӣ (англисӣ, русӣ, олмонӣ, хитоӣ) ҳатмӣ мебошад. Барои ба ин мақсад ноил шудан зарур аст, ки дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ миқдори соатҳои барои дарсҳои забонҳои хориҷӣ ҷудошударо зиёд ва омӯзгорони ин забонҳоро бо ҷудо намудани ҳаққи иловагӣ (аз ҳисоби маблағҳои шартномавии ҳар донишгоҳ) ҳавасманд кардан натиҷаи хуб ба бор меорад.

«Бо истифода аз имконияте, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, — гуфта мешавад дар Паём, — муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд. Вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд. Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд», — гуфта мешавад дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон.

Доир ба суханони ояндабини Паём, ки доир ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё гуфта шудаанд, бояд гуфт, ки заминаҳои моддию техникӣ ва ақлоние, ки алҳол дар донишгоҳҳои олӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар даст дорем, бомақсад ва сари вақт дар таъсиси марказҳои муштараки муҳандисию технологӣ ва табиатшиносӣ ҷалб намуда, дар оянда онҳоро ба институтҳои муштараки тадқиқотӣ, донишгоҳҳои муҳандисию технологӣ ва технопаркӣ табдил диҳем. Таъсиси филиалҳои якчанд донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон хеле бамаврид омад. Дар солҳои охир Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва саҳмгузории Академияи илмҳои Чин якчанд марказу озмоишгоҳҳои муштарак, ба монанди «Маркази илмӣ-тадқиқотии Экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе»)», «Маркази инноватсионнии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ», «Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ», «Озмоишгоҳи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои биологии Тоҷикистон» дар 5 соли охир таъсис додаанд, ки бо технологияи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамчунин аз ҷиҳати технологияи муосир муҷаҳҳаз шудани Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва баъзе озмоишгоҳҳои институтҳои физика, химия ва ғайраро мисол овардан мумкин аст.

Мисолҳои оварда иқдоми аввалин ва қадамҳои устувор дар таъсиси озмоишгоҳу марказҳои илмии муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумлаи Ҷин оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ мебошанд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки соли гузашта Ҳукумати мамлакат «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул намуд. Дар доираи барномаҳои мазкур ҳамчунин дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пешниҳод менамоям, ки сабукиҳои андозию гумрукиро, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорону сармоягузорон таъмин намудааст, ба назар гирифта, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, донишгоҳҳои олӣ ва зерсохторҳои онҳо соҳибкорону сармоягузорони ватаниро барои саҳмгузор будан дар таъмини таҳҷизоти илмӣ ва технологияиҳои нав, ҳамчунин дар иҷрои лоиҳаҳои илмии ҳам бунёдӣ ва ҳам амалӣ ҷалб намоянд. Зеро танҳо бо истифодаи маблағҳои буҷавии мамлакат ва таҷҳизоти куҳнаи асри гузашта мо наметавонем ҳамқадами илми ҷаҳонӣ бошем.

Пеш аз ҳама, дар кадом самт саҳмгузории соҳибкорон ниҳоят зарур аст?

Ба ақидаи ман, пеш аз ҳама:

  1. Дар дастгирии моддии аспирантҳо, PhD ва докторантҳои мақсаднок, ки барои иҷрои рисолаҳои илмиашон ба мамлакатҳои абарқудрати иқтисодӣ ва технологӣ (Сингапур, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва ғ.) дар самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ фиристода мешаванд;
  2. Дар дастрас намудани таҷҳизоти илмӣ, муҳандисӣ ва технологияҳои муосир аз мамлакатҳои мутараққӣ барои рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ дар дохили ҷумҳурӣ;
  3. Дар ташкили сохтору зерсохторҳои истифодаи натиҷаҳои назариявӣ дар амалия, яъне аз натиҷаҳои илми бунёдӣ истифода бурда, то ба амал расонидан ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ.
  4. Кумаки моддии соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ дар бунёди «Клуб» ва ё хона-бинои ба ном «Ҷавонони навовар» дар яке аз марказҳои илмии ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки бо таҷҳизоти муосири илмӣ, муҳандисию техникӣ ва намунаҳое аз озмоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ бахшида ба нанотехнология ва нанобиология (вирусологӣ, микробиологӣ ва биотехнологӣ) муҷаҳҳазонида бошад. Хурсандиовар аст, ки намунае аз чунин озмоишгоҳ – Озмоишгоҳи вирусологӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли равон кушода хоҳад шуд.

Ҳадафи олӣ ва ниҳоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Ҳикмат ҲИСОРИЕВ,
 академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2023 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»
30 СОЛИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ НИЗ НАМУНАИ ИБРАТ МЕБОШАНД. Дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ
Конститутсияи Тоҷикистон дар муддати 30 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд