Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Март 30, 2023 10:28

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии хизматии кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлолро пас аз таъмиру тармим ва анҷоми корҳои навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 5 ошёна иборат буда, дар он барои зисту зиндагии кормандони мақомоти милитсия тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, тамоми хонаҳо бо лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, телевизор, қолину дигар ашё муҷаҳҳаз буда, хонаҳо пурра аз таъмир бароварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба як ҷуфт навхонадорон, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намудаву ятими кулланд, калиди хонаи истиқоматӣ ҳадя намуданд. Барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ оилаи ҷавон ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннадорӣ карданд.

Президенти мамлакат ҳамчунин бо шароити бинои истиқоматӣ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дорои 55 хона буда, аз ин 40 хонаи истиқоматӣ 2-ҳуҷрагӣ ва 10 хонаи дигар 1-ҳуҷрагӣ мебошад. Ин ҳадяи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ниҳоди мазкурро, ки дар шаҳри Истиқлол фаъолият мекунанд, хушҳол намуд.

Қобили тазаккур аст, ки шароити зиндагонӣ ва имконияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат қарор дошта, тадриҷан барои фаъолияти босамари онҳо шароиту имконоти муосир фароҳам оварда мешавад. Хусусан таъмини оилаҳои низомиён бо хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, ба ин васила шароити зисту зиндагонии онҳо ба тарзи чашмрас боло бардошта шудааст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истиқлол як микроавтобуси хизматӣ туҳфа карда шуд.

Зимни суҳбатҳои самимӣ кормандони милитсия ва оилаҳои онҳо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин гуна дастгириҳои пайваста масъулияти онҳоро барои иҷрои вазифаи хизматиашон боз ҳам дучанд менамояд.

Март 30, 2023 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон