Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Март 21, 2023 20:23

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи «Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид — 2023» дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи Конфронси об мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки аз узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид беш аз си сол сипарӣ шуд ва мо ба таҳкими муносибатҳо бо он пайваста аҳаммияти хосса медиҳем.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм муҳокима гардид.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар Афғонистон таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз раванди интиқоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми кишвари ҳамсоя ҷонибдорӣ менамояд ва ба ин мақсад кишвари мо тамоми имконоти логистикии худро вогузор намудааст.

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш 21.03.2023

Март 21, 2023 20:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид