РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Иштирокчиёни Конфронси таърихӣ дар Ню-Йорк Барномаи амал оид ба захираҳои обро қабул карданд

Март 29, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Об воқеан манбаи тамоми мавҷудоти сайёра аст. Аз ин рӯ, вай қодир аст, ки ҳамаи моро муттаҳид кунад. Мо аҳамияти тағйироти куллиро дар тарзи фаҳмидан, қадр кардан ва идоракунии об комилан дарк мекунем», — дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси Оби СММ-2023 изҳор доштанд. Иштирокчиёни он якдилона Барномаи нави амалиёти обро тасдиқ карданд.

Конфронси СММ оид ба захираҳои об, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, имконияти нодир барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва ҳизматрасонии санитарӣ то соли 2030 гардид.   Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд. Дар конфронс намояндагони ҳама сатҳҳои ҳукуматҳо, инчунин олимон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мардуми бумӣ, бахши хусусӣ ва ҷавонон иштирок карданд.

Мувофиқи гуфтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур аст, ки нисбат ба об нигоҳи нав дошта бошем, то он дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза  дар ҷаҳони минбаъда мусоидат намояд.

«Бузургтарин неруи об низ маҳз дар ҳамин аст, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад», — иброз доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

«Об- неъмати арзишмандтарини умумӣ аст, зеро ояндаи тамоми инсоният ва самти роҳи нави рушди устувор аз он вобаста аст»,- иброз намуд Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш.

Ба гуфтаи ӯ, ин Конфронс барои фаҳмидани ҳақиқати равшан кумак кард. Об ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумии инсоният ҳамаи моро муттаҳид менамояд. Маҳз барои ҳамин об бояд дар маркази рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ ҷой дошта бошад.


«Об барои саломатӣ, беҳдошт, тозагӣ ва пешгирии бемориҳо муҳим аст. Об барои сулҳ, рушди устувор, мубориза бо камбизоатӣ, системаҳои озуқаворӣ ва шукуфоӣ муҳим мебошад. Об ба ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ алоқаманд аст», — баён намуд роҳбари СММ.

Антониу Гутерриш боварӣ дорад, ки «тамоми умедҳои инсоният ба оянда то ин ё он дараҷа аз интихоби роҳи идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи онҳо барои имрӯз ва фардои мардум вобаста аст».

«Амалишавии умедҳои мо аз таҷассуми Барномаи амалиёти об, ки ин ҳафта таҳия шудааст, вобаста аст», — гуфт Антонио Гутерриш. Ӯ илова кард, ки санад ҳуқуқи асосии инсон ба обро тасдиқ мекунад, дар он аз зарурати коҳиш додани фишор ба низоми гидрологӣ, қабули қарорҳои дуруст ва сиёсати оқилона дар соҳаи идоракунии захираҳои об сухан меравад.

Ин, тавре ки роҳбари Созмони Милали Муттаҳид баён намуд, маънои таҳияи системаҳои нави имконпазири ғизоро барои коҳиш додани исрофкории об дар истеҳсоли ғизо ва кишоварзӣ дорад. Ин маънои таҳия ва татбиқи системаи нави иттилоотии глобалии обро дорад, ки нақшаҳо ва афзалиятро барои давраи то соли 2030 роҳнамоӣ мекунад.

Татбиқи Барномаи амалиёт муносибати ҳамгироӣ ба об, экосистемаҳо ва иқлимро талаб мекунад, ки ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, рушди инфрасохтори устувор равона карда шудааст. Роҳбари СММ аҳамияти навсозии системаҳои обгузар ва иншооти тозакунии обҳои партов, инчунин ҷорӣ намудани системаҳои огоҳкунии барвақтии офатҳои табииро хотиррасон кард.

Барои татбиқи ҳама нақшаҳои идоракунии об, тавре ки роҳбари кулли СММ таъкид кард, бояд ҳамзамон талошҳо барои мубориза бо тағирёбии иқлим афзоиш дода шавад, гармшавии глобалӣ дар сатҳи якуним дараҷа нигоҳ дошта шавад ва инчунин сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои татбиқи Ҳадафи 6-уми рушди устувор, ки то соли 2030 таъмин намудани мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва санитарияро барои ҳама пешбинӣ мекунад, афзоиш дода шавад.

Роҳбари СММ таъкид кард, ки об ва беҳдошт бояд дар нишасти Ҳадафҳои рушди устувор дар моҳи сентябри соли равон ва ҳамчунин дар «саммити оянда» дар соли 2024 дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад.

«Бе об рушди устувор вуҷуд надорад. Ба ин Конфронси таърихӣ анҷом бахшида, биёед ба сӯи ояндае ҳаракат кунем, ки дар он ҳамагон бе истисно бо об таъмин карда шаванд», —  ишора намуд Дабири кулли СММ.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 29, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»