РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Конфронси оби СММ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сайёра нақши муассир мегузорад
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»./ Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ нақши муассир мегузорад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аъзои комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Усмонзода.
Мавсуф афзуд, ки имрӯз хусусияти ҷаҳонӣ касб намудани масъалаи обро суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни конфронси СММ дар Ню-Йорк иброз доштанд, тасдиқ менамоянд: «То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдошт дастрасӣ надоранд. Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад. Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд».
«Дар Конфронси об дар Ню-Йорк аз ҳама ҳукуматҳо даъват гардид, ки давлатҳо бояд нақшаҳоеро таҳия ва амалӣ созанд, ки дастрасии одилонаи ҳамаи одамонро ба об ва муносибати эҳтиромона доштанро ба ин манбаи гаронбаҳо таъмин созанд», афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба ҷуз ин дар ин самт тақвияти ҳамкории байналмилалӣ муҳим буда, манфиати бузург дорад. Дар конфронс аз тамоми давлатҳои аъзо даъват ба амал оварда шуд, ки ба Конвенсияи оби СММ ҳамроҳ шаванд ва барои иҷрои он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки тамоми манбаъҳои оби ошомиданӣ, ки тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёт аз онҳо вобастаанд, таҳия ва амалӣ карда шаванд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ба низомҳои обтаъминкунӣ ва тозагӣ маблағҳои зиёд сармоягузорӣ гардида, инфрасохтори соҳаи об ба талаботи замон мутобиқ кара шавад, зеро наметавонем бо ҳолатҳои фавқулодаи асри XXI бо ёрии инфрасохторҳои дар замони гузашта сохташуда амал намоем. Тавре дар конфронс таъкид шуд, имрӯз бояд ба қубурҳои тобовар ба офатҳои табиӣ, инфрасохтори обтаъминкунӣ ва дастгоҳҳои тозакунӣ сармоягузорӣ карда шавад ва усулҳои нави коркард ва сарфаи обро ҷорӣ кардан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан СММ давлатҳои G20-ро барои бастани Паймони ҳамбастагии иқлим даъват карда буд. Тибқи ин санад давлатҳо уҳдадор мешаванд, ки барои коҳиши партовҳо кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд ва давлатҳои сарватманд захираҳои молиявию техникиро барои дастгирии мамлакатҳои дар ҳоли рушд равона созанд.
Беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ ба об вобаста буда, тағйирёбии иқлим ин вазъиятро бадтар мекунад. Вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон низ мисли дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамасола бинобар офатҳои табиии вобаста ба об хисороти зиёди молӣ ва инсонӣ мебинад. Ин ҳолат дар роҳи талошҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.
Талаботи башарият дар қарни ХХI ба об дар ҳоли афзоиш аст ва тибқи дурнамо, то соли 2050 ниёз ба оби тоза беш аз 40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон беш аз ду даҳсола аст, ки масъалаҳои марбут ба захираҳои обро ба рӯзномаи рушди ҷаҳонӣ пешбарӣ мекунад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон боиси нигаронист. Гарчанде кӯлу обанборҳои мамлакати мо аз лиҳози обҳои мусаффо ғанӣ ҳам бошанд, ин ҳама бори дигар моро водор месозад, ки бо захираҳои беназири табиат ғамхорона рафтор намоем.
Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон ҷиҳати дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 марти ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, роҳест ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра. Натиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Бешубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз