«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Ашт ин фестивал-озмуни ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид

Март 29, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар саҳни Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Фестивал-озмуни ноҳиявии «Сайри гули лола»  таҷлил ва ҷамъбаст карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Дар фестивал нахуст маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ва рассомон ба маъраз гузошта шуд. Ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои ғолиб омадан дар фестивал-озмуни мазкур  иштироки фаъолона намуданд.

Иброз гардид, ки мояи ифтихор ва хурсандӣ аст, ки имрӯз дар идомаи чорабиниҳои наврӯзӣ даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки рамзи зебоипарастӣ ва фарҳангсолории мардуми тоҷик аст,  аз соли 2019 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи озмуни мазкур вусъат додани  корҳои созандагӣ, ободонию сабзазоркунӣ дар маҳал ва  ташвиқу тарғиби фарҳанги шаҳрдорӣ мебошад.

Баъдан, ба якчанд иштирокчии фаъол дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Март 29, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид