Субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, соати 06:36-и вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза дар километри 407-уми самти ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар километри 45-уми самти шимолу ғарб аз ноҳияи Мурғоб ҷойгир будааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қувваи заминларза дар умқи 116,2 километр воқеъ буда, дар марказаш 4,5 баллро ташкил дод.
Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд






