ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 март, сешанбе, 80-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 21, 2023 08:00

21 марти соли 2013  дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистону Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари шуъбаи ин созмон дар Женева Қосим Ҷомарт Токаев ва ҳайатҳои илмиву фарҳангӣ аз кишварҳо ва созмонҳои дигар ҷараён гирифт.

 ***

21 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 500 ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017  дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк байни  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар робита ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ибтикори мамалакати мо моҳи декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

 21 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии Наврӯз.

***

Рӯзи байналмилалии Замин.

***

Рӯзи байналмилалии назм.

***

Рӯзи байналмилалии ҷангал.

РӮЙДОДҲО: 

21 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин — Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд. 

***

20 марти соли 2022  бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Форуми III  байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари  робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.

***

21 марти соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид. 

***

21 марти соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XIII Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

21 марти соли 2015 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Фазлиддин Шаҳобов- соли 1911- мусиқишинос, сарояндаи мақом, навозандаи беназири танбӯр, сарояндаи шашмақом ва оҳангсози тоҷик.  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Март 21, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст