ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, ҷумъа, 62-юмин рӯзи соли 2023 аст

Март 3, 2023 08:00

3 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.

***

Дар ин рўзи  соли 2010 дар ноҳияи Ёвон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба фаъолият оғоз кард, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои орд, ғалла, намак ва дигар маҳсулот  истеҳсол намояд. 

3 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.

***

Рӯзи байналмилалии нависанда.

РӮЙДОДҲО: 

3 марти соли 2022 Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуданд

*** 

3 марти соли 2021 Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

***

Дар ин рўзи  соли 1992  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

***

3 марти соли 2010 ФИФА рӯйхати нави раддабандии худро нашр намуд, ки дар он   дастаи мунтахаби Тоҷикистон  20 зина боло рафта, беҳтарин ҳисобида шуд ва мақоми 128-умро ишғол кард.

***

3 марти соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.

***

3 марти соли 1991 дар Латвия ва Эстония  раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ овоз доданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Акашариф Ҷӯраев- соли 1894 — Ҳофизи халқии Тоҷикистон

***

Ином Асроров- соли 1938 – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Март 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, якшанбе, 54-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, шанбе, 53-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, ҷумъа, 52-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, панҷшанбе, 51-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, сешанбе, 49-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, душанбе, 48-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, якшанбе, 47-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, шанбе, 46-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, ҷумъа, 45-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, панҷшанбе, 44-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 феврал, чоршанбе, 43-юмин рӯзи соли 2025 аст