Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об зимни ҳамоиш дар Душанбе баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намуда, ба дарёфти ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи глобалӣ моил намуд. Чунин таъкид гардид дар ҳамоише, ки дар мавзуи «Тадбирҳои афзалиятноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар бахши оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Душанбе доир карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Дар конфронс мутахассисону коршиносони соҳа доир ба масъалаҳои муҳими экологӣ, аз ҷумла мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ, омӯзиши пиряхҳо, хизматрасонӣ дар самти истифодаи об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об маъруза намуданд.
Дар анҷом байни иштирокдорони конфронс доир ба масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табодули назар сурат гирифт.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






