Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат аст
ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зан-Модар таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми самту соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт нақш ва саҳми Зан–Модари тоҷик баръало эҳсос мешавад. Аз ҷумла, занон дар соҳаҳои гуногуни пойтахт низ фаъолият нишон дода, баҳри ободии он саҳми бориз мегузоранд.
Дар робита ба нақши занону духтарони пойтахти мамлакат бо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова ҳамсуҳбат гардидем, ки онро пешниҳоди хонандагони сомона менамоем.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз саҳми занону духтарон дар ободиву равнақи пойтахт чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
Зарина Зуҳурова: Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани нақш ва манзалати занон даҳҳо барнома рӯи кор омад. Ҳамин аст, ки имрӯз зани тоҷик роҳбар, иқтисодчӣ, бонкдор, кишоварз ва ниҳоят кадбонуи хонадон аст.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 585,200 (панҷсаду ҳаштоду панҷ ҳазору дусад) нафарро занону духтарон ташкил менамоянд, ки аз онҳо 103 нафар (28%) хизматчиёни давлатӣ буда, 28 нафар (22,4%) дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 29 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва 55 нафар ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони ноҳияҳои пойтахт фаъолият доранд. Аз ҷумла 42 ҳазору 920 нафар занону духтарони пойтахт ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз инҳо 9670 нафар зан аст (тибқи патент-6726, тибқи шаҳодатнома-2072, шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳти роҳбарии занон-872 нафар).
АМИТ «Ховар»: Дар шаҳри Душанбе барои баланд бардоштани савияи донишу маҳорати занону духтарон ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
Зарина Зуҳурова: Дар пойтахт бо дастури Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавондухтарон ва бо мақсади дастгирии ҷавонон, махсусан насли нави соҳибистеъдод, илмҷӯву донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон, баланд бардоштани малакаи зеҳнӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавондухтарони фаъолу болаёқат чорабиниҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешавад.
Соли 2022 аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе 5692 нафар зан бо кор таъмин карда шуд, ки зиёда аз 3 ҳазор нафари онҳо ба ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, аз рўи ихтисосҳои дўзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридўзӣ ва қаламарезгӣ курсҳои кўтоҳмуддати ҳунарҳои мардумиро хатм намуданд.
АМИТ «Ховар»: Ҷалби занону духтарони хонанишин ба ҳунарҳои мардумӣ ва дигар шуғл дар кадом сатҳ қарор дорад?
Зарина Зуҳурова: Бояд гуфт, ки барои ҷалби занону духтарони хонанишин ва умуман ба шуғл фаро гирифтани онҳо якчанд санаду барномаҳо ба тасвиб расидаанд. Яке аз онҳо «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии он дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» мебошад, ки дар доираи он байни занону ҷавондухтарон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ дар маҷмўъ 5510 чорабинӣ баргузор карда шуд.
Ҷиҳати роҳандозӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ барои рушди ҳунармандӣ, ташкили намоишгоҳи фурўши молу маҳсулоти ҳунармандон ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои дигари назаррасро ба анҷом расонид.
АМИТ «Ховар»: Дар баробари ба дунё овардан, тарбия ва ба камол расонидани фарзандон, пеш аз ҳама, вазифаи зан аст. Барои тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт бо занону ҷавондухтарони ҳудуди шаҳри Душанбе чи тадбирҳо андешида мешавад?
Зарина Зуҳурова: Дар урфият мегӯянд, ки зан созандаву ободкор аст. Ҳастии инсонро бе вуҷуди зан тасаввур кардан нашояд. Одатан занро ба баҳор ташбеҳ медиҳанд, ки комилан дуруст аст. Зеро занон бо нуру тароват ва гармии эҳсос рӯзгорро гармиву сафо мебахшанд. Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» Зан -Модар ҳамчун сарчашмаи аввали таълиму тарбия бояд саҳм дошта бошад. Ба ин хотир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таълиму тарбия пайваста бо занону духтарон ва донишҷӯён вохӯриҳои судманд ва озмуну викторинаҳо баргузор намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода менамояд.
Инчунин баҳри пешгирии хурофотпарастӣ ва пўшидани сару либоси бегона, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ 29 гурӯҳи корӣ дар ҳайати 187 нафар таъсис дода шуд, ки ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмононе, ки аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе меоянд, идома медиҳанд.
АМИТ «Ховар»: Дар ин рӯзи фархунда ба модарони тоҷик чӣ таманно доред?
Зарина Зуҳурова: Бо истифода аз фурсати муносиб модарону хоҳарони меҳрубонро бо ҷашни пуршукӯҳ — Рӯзи Модар шодбош гуфта, барояшон рӯзгори пур аз баҳор ва сарбаландӣ орзу дорам. Зеро зиндагии мо бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Бузургиву шаҳомати ӯро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд. Ба ин хотир ҳамду сано ба Зан — Модар, ки муҳаббаташ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






