Бинобар борони сард дар ду минтақаи Канада тақрибан як миллион истеъмолкунанда бе неруи барқ монд

Апрель 6, 2023 09:47

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб як миллион хонавода ва дигар сохторҳо бар асари борони сард ва шамоли сахте, ки дар қисматҳои ҷанубии музофоти Квебек ва Онтариои  Канада ба амал омад, аз барқ ​​маҳрум шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар паёмҳое, ки рӯзи чаҳоршанбе дар сомонаҳои ширкатҳои шабакаҳои энергетикии минтақа нашр шудаанд, гуфта шудааст.

Ҳамин тариқ, дар Квебек беш аз 865 ҳазор истеъмолкунанда, аз ҷумла дар Монреал ва атрофи он беш аз 400 ҳазор нафар бе барқ ​​​​мондааст. Дар Онтарио, аз ҷумла дар Оттава, тақрибан 130 000 хонавода аз барқ маҳрум шудааст. Дар айни замон дар пойтахти Канада бориш қатъ шудааст. Бино ба маълумоти бюрои миллии обуҳавошиносӣ, вазиши шамол дар вақти борони сард ба 17 м/с мерасид.

Гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ аллакай ба барқарорсозии шабакаҳои барқии харобшуда оғоз кардаанд. Муҳлати анҷоми он мушаххас нест.

Обу ҳавои номусоид ба кори фурудгоҳҳои байналмилалии Монреал ва Оттава низ таъсир расонд. Тибқи ҷадвали сомонаҳои фурудгоҳ, шоми чоршанбе тақрибан ҳамаи парвозҳо лағв шуда ё ба таъхир афтодаанд.

Ҳанӯз дар бораи зарардидагон маълумот нарасидааст.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 6, 2023 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд