ЧӢ ВА ЧАНД СОМОНӢ МЕФУРӮШАНД. Имрӯз дар Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид. Ярмаркаҳои мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад», -иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта шуд, ки дар ярмаркаҳои мазкур, ки то 21 апрел идома меёбад, нархи картошка аз 4 то 4,5 сомонӣ, пиёз 5,5 сомонӣ, сабзӣ 4 сомонӣ, як литр равғани растанӣ 18 сомонӣ, шакар 9 сомонӣ, гӯшти гов 55 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ, биринҷ 10 сомонӣ, орди навъи 1-ум 260 сомонӣ муайян гардидааст. Дар ин ярмаркаҳо меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои дастрас пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешавад.
Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад. Ярмаркаҳои доимӣ ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






