Дар Душанбе доир ба принсипҳои асосии муносибатҳо байни Чин ва Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзуи «Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кишоварзӣ, нақлиёт, Палатаи савдо ва саноат, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани умумиҷаҳонии намояндагони мардумии Чин, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз ба шарофати дурандешии сиёсии раҳбарияти ду давлат ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ ҳамкории дуҷониба намуди нав пайдо карда, ба рушди минбаъдаи мусбати равобити Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуд. Ин барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории барои ҳамдигар фоидабахш заминаи устувор мегузорад.
Тазаккур дода шуд, ки Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тақвият ва густариши равобити дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ин давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Эъломия дар бораи Принсипҳои асосии равобити Тоҷикистон ва Чин 9 марти соли 1993 ба имзо расида буд. Ин хуҷҷат ба инкишофи муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои ҳар ду мамлакат заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ гузошт.
Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон оид ба ҳамкории судманд байни ду давлат ва нақшаҳои оянда ибрози назар карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






