Дар Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон Рустам Абдуллоев, ки имрӯз дар Тошканд доир гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ташкили курсҳои касбӣ барои композиторони ҷавон баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки соли гузашта бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон консерти муштараки ду ниҳод ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ҳошияи он Ёддошти тафоҳум байни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба имзо расид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






