Дар Нидерланд қатораи мусофирбар ба садама дучор шуд

Апрель 5, 2023 09:52

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Нидерланд қатораи мусофирбар аз хати ҳаракат берун шуд, ки дар натиҷа як нафар ҳалок ва тақрибан 30 нафар маҷруҳ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ хабар додааст.

Садамаи қатора субҳи барвақт дар Воорсхоттен, дар наздикии Гаага, дар музофоти Ҳолланди Ҷанубӣ рух дод. Ба иттилои портали Nu.nl, қатораи мусофирбар дар роҳ ба крани хурди сохтмонӣ бархӯрдааст. То ҳол ин тафсир расман тасдиқ нашудааст.

Роҳбарияти ширкати роҳи оҳани Pro Rail ин ҳодисаро «рӯзи сиёҳ барои роҳи оҳани нидерландиҳо» номида, ваъда додааст, ки сабабҳои садамаро ошкор хоҳад кард.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АЗЕРТАҶ 

Апрель 5, 2023 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд