ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳол, тухми сабзавоту зироат ва кӯчати гулу буттаҳо доир карда шуд

Апрель 8, 2023 15:15

ХОРУҒ 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони марказии шаҳри Хоруғ бозори фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ, гулу бутта ва тухми сабзавоту зироат баргузор гардид, ки дар он боғдорону гулпарварони маҳаллӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар» Файз Мирасан.

Дар ярмарка зиёда аз 9 ҳазор навъи гуногуни ниҳолу кӯчати гулҳо ба фурӯш гузошта шуд. Директори бахши вилоятии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «бо мақсади рушди соҳаи боғдорию гулкорӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ аз меваю сабзавот, гулзор намудани хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва аз ҳама муҳим- таъмини амнияти озуқаворӣ чунин ярмаркаҳо ба роҳ монда мешаванд».

Сол аз сол масоҳати қитъаҳои замини корам аз ҳисоби замини бекорхобида чӣ дар ҳамворӣ ва чӣ дар кӯҳдоманҳо рӯ ба афзоиш дорад ва ба ин васила талабот ба ниҳолу кӯчати гулҳо ва тухмии сабзавоту зироат низ дар ҳоли афзоиш аст. Дар ярмаркаи имсола боғпарварон аз вилоятҳои Хатлону Суғд низ иштирок доштанд. Дар ин ҷо зиёда аз 300 бех ниҳоли зардолу, гелосу шафтолу ва кӯчати гулу тухмии сабзавоту зироат аз ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Истаравшан ва Исфараи вилоятҳои Хатлону Суғд ба фурӯш гузошта шуд, ки дар муддати кӯтоҳ харидорони худро пайдо кард.

Сокини ноҳияи Шуғнон Нозигул Элназарова, ки чандин сол боз ба парвариши ниҳол машғул аст, гуфт, ки “ман чанд бех ниҳоли зардолу харидам. Ин ниҳолҳо аз ноҳияи Исфара оварда шудаанд ва ба иқлими вилояти мо мутобиқ ҳастанд. Бахусус навъҳои мирсанҷалӣ, зардолуи хурмоӣ, субҳонӣ, тоҷибоӣ меваи  ширину лазиз доранд ва баъди хушк кардан то баҳори оянда сифати худро аз даст намедиҳанд”.

Чанд соли охир сокинони шаҳри Хоруғ дар манзили худ меваҳои ситрусӣ парвариш мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, ҳосили хуб ҳам ба даст меоранд. Ниҳолпарвар аз ноҳияи Дарвоз Мутрибшо Исмоилов имсол ба ин ярмарка ниҳолҳои зиёди лимӯ овардааст ва бо нархи дастрас ба харидорон пешкаш намуд. Ин ниҳолпарвар гуфт, ки чанд сол боз дар ин гуна ярмарка иштирок мекунад ва харидорони доимии худро пайдо намудааст. Баъзе аз онҳо аз дарахти дар манзилашон парварда аз 40 то 60 дона лимӯ ба даст меоранд.

Ходими илмии Институти биологии Помири Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  гуфт, ки зиёда аз 60 намуди тухми гулу буттаҳо, растаниҳои яксолаву бисёрсола ва гиёҳҳои шифобахшро ба фурӯш гузоштааст. Дар баробари таъмини боғдорону гулкорон бо тухмии гулу ниҳол олимон ҳамчунин дар парвариш ва нигоҳубини меваҷоту сабзавот ва гулу буттаҳо ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд медиҳанд.

Чунин ярмарка дар маркази дигар ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст