ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим дар масоҳати як гектар боғ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи Тахтсанги деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим дар масоҳати як гектар боғ бунёд гардид. Дар боғ зиёда аз 500 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуда, ҳудуди он бо симтӯр маҳкам карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим хабар медиҳад.
Зимни бунёди боғи мазкур бо иштироки роҳбарияти вилояту ноҳия, сарбозон ва сокинони деҳаҳои Бойбар, Удит, Намадгут, Дашт, Рэн ва маркази ноҳияи Ишкошим ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Бунёди боғи мевадиҳанда дар ноҳия бори нахуст буда, баробари ба самар расидани дарахтони мевадиҳанда бозори ноҳия ва вилоят минбаъд бо меваҳои тару тоза пурра таъмин карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






