ДАРАХТ БИНШОН! Дар Конибодом 9 ҳазор бех ниҳоли тут, ҷигда, ток ва хуч шинонида шуд

Апрель 13, 2023 11:07

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷангалзори шаҳри Конибодом зимни баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ 9 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла чор намуд ниҳоли дарахти тут, ҷигда, ток ва хуч  шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 70 намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва сокинон фаъолона иштирок намуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷангалзор дар нигоҳ доштани мувозинаи экологӣ нақши муҳим дошта, макони сукунати намудҳои гуногуни олами ҳайвонот мебошад. Мутаассифона, онҳо аз таъсири  антропогении инсон, аз қабили буридани дарахтони ҷангал, сӯхтор ва мунтазам чаронидани миқдори зиёди чорво хароб мешаванд.

Барои барқароркунӣ ва нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти маҳаллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии молиявии «Фонди ҳамкорӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои муҳими дар ҳолати осебпазирӣ қарордошта» гузаронида шуд.

Корҳои барқарорсозии ҷангал дар нигоҳ доштани он барои наслҳои оянда ва тақвияти устувории экологии минтақа нақши муассир мегузоранд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Ниҳолпарварони шаҳри Ваҳдат 120 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳандаро ба фурӯш омода намуданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи навбунёди фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод 150 дарахти сафедор шинонида шуд.
ДАРАХТ БИНШОН! Ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ мегирем
Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН. Дар ноҳияи Ванҷ имсол 45 ҳазор бех ниҳол мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим дар масоҳати як гектар боғ бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳол, тухми сабзавоту зироат ва кӯчати гулу буттаҳо доир карда шуд
Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5,5 гектар токзори нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор дар 50 гектар боғи хуч бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Роғун қариб 15 ҳазор бех дарахт ва панҷ ҳазор гули лола шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд