ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид

Апрель 16, 2023 18:26

ДУШАНБЕ, 16.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар ноҳияи Мурғоб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1 гектар боғи нав бунёд гардид.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар боғи навбунёд дарахти бед, ки дар шароити ноҳия нашъунамои хуб дорад, инчунин ба таври таҷрибавӣ хучу ангат низ шинонда шудааст.

Боғи навбунёд дар солҳои минбаъда ба як макони фарҳангӣ фароғатӣ табдил дода шуда, дар ин ҷо тамоми шароит барои тафреҳ ва бозии кӯдакон муҳайё карда мешавад.

Сокинони ноҳияи Мурғоб якдилона дар бунёди боғ меҳнат карда,аз иқдомҳои неки Роҳбарияти олии мамлакат дар мавриди бунёди боғу токзори нав изҳори хушнудӣ намуданд.


Дар суҳбат бо сокинони ноҳия, роҳбарияти вилоят таъкид намуд, ки таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин макони зебову овозадор бараъло эҳсос карда мешавад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ноҳия иншооти замонавӣ ва баландошёна сохта мешаванд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораву муассисаҳо зиёда аз 10 ҳазор дарахти бед, 400 адад хуч, 400 намуд ангат ва гули садбарг шинонда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 16, 2023 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳабдаҳуми Шурои вазирони адлияи мамлакатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
Дар Ню-Йорк оид ба иқдоми Тоҷикистон дар самти амалисозии Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор маълумот дода шуд
«ОМӮЗГОРИ СОҲИБКАСБ — МИЛЛАТИ БОСАВОД». Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф иштирок доранд
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«Душанбе-Инвест 2023» ба ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидат менамояд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт
ҶОМИ КФО-2023/24. Имрӯз дар Ҳисор байни дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон бозӣ доир мешавад

Маводҳои таҳлилӣ