ДАРАХТ БИНШОН. Дар ноҳияи Ванҷ имсол 45 ҳазор бех ниҳол мешинонанд

Апрель 16, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол шинонидани 45 ҳазор бех ниҳол дар назар аст, ки аз ин теъдод зиёда аз 25 ҳазор ниҳоли боровар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамаи ҷамотҳои деҳот барои шинонидани ниҳол мавзеъҳои махсус ҷудо карда шуда, ин мавзеъҳо ба таври ҳашар бо кумаки кормандони идораву муассисаҳои маҳаллӣ аз партов ва санглох тоза карда мешаванд. Қад-қади роҳҳо- аз маркази ноҳия сар карда, то дурдасттарин Ҷамоати деҳоти Рованд ниҳолҳои сояафкан шинонида мешаванд.

Дар мавзеъҳои дамгирии назди чашмасорон низ барои мусофирон истироҳатгоҳ ва боғчаҳо бунёд мегардад. Инчунин дар нуқтаи тадқиқотии боғи ботаникии ноҳия зиёда аз 6000 бех гул парвариш ёфта истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои иваз намудани арчаҳои якранги маркази ноҳия аз шаҳри Душанбе 200 намуд арчаи ороишӣ ва 2000 намуд гули мавсимӣ оварда шудааст.

Бо ин мақсад ҳар рӯзи шанбе дар тамоми ноҳия ҳашарҳои дастҷамъона баргузор мегарданд. Ҳоло дар кӯчаву роҳравҳо зиёда аз 2000 бех гул ва 1500 бех арчаи ороишӣ шинонида шудааст.

АКС: «Рӯзномаи Бадахшон»

Апрель 16, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 таҳия ва тасдиқ гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мурғоб боғи нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Конибодом 9 ҳазор бех ниҳоли тут, ҷигда, ток ва хуч шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим дар масоҳати як гектар боғ бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хоруғ ярмаркаи фурӯши ниҳол, тухми сабзавоту зироат ва кӯчати гулу буттаҳо доир карда шуд
Дар Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 5,5 гектар токзори нав бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор дар 50 гектар боғи хуч бунёд гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Роғун қариб 15 ҳазор бех дарахт ва панҷ ҳазор гули лола шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ховалинг зиёда аз 11 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти боғдорони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов шинос шуданд
ДАРАХТ БИНШОН! «Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд шуд