ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Роғун қариб 15 ҳазор бех дарахт ва панҷ ҳазор гули лола шинонида шуд

Апрель 2, 2023 15:38

РОҒУН, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун бо иштироки сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҳашари дарахтшинонӣ ва сабзазоркунию гулшинонӣ  идома дорад. 

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун иттилоъ доданд, мувофиқи нақша дар шаҳри Роғун бояд 17 ҳазору 250 бех дарахт шинонида мешуд. Хушбахтона, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  ва саҳми сокинони ватандӯсту соҳибкорону кормандони сохторҳои давлатӣ то 27 март 14 ҳазору 700  бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд.

Ҳамчунин дар Боғи марказии шаҳри Роғун  панҷ ҳазор гули гуногунранги лола шинонида шуд.

Мувофиқи иттилои масъулини шаҳри Роғун, дар раванди ниҳолшинонӣ аз ҷониби масъулин аввал навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими шаҳри Роғун тобовар интихоб гардида, баъдан аз маслиҳати мутахассисони соҳа ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ истифода карда мешавад. Чунки яке аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон- ин риоя намудани қоидаҳои дурусти агротехникӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Апрель 2, 2023 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд