Даст кашидан аз Неругоҳи барқи атомӣ ҳамасола ба ИМА то 180 миллиард доллар зарари экологӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқлимшиносон ва экологҳо ба чунин хулоса омаданд, ки комилан даст кашидан аз неруи атомй аз тарафи Иёлоти Муттаҳида боиси зиёд гардидани партовҳои аэрозолҳо ва газҳои заҳрнок мегардад, ки воридшавии онҳо ба атмосфера ҳар сол тақрибан аз 11 миллиард доллар то 180 миллиард доллар зарари экологӣ мерасонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Донишкадаи технологии Массачусетс (MIT) хабар додааст.
«Иштироккунандагони мубоҳисаҳо доир ба нақшаҳои бастани неругоҳҳои барқи атомӣ (НБА) ба назар намегиранд, ки ин неругоҳҳо ба сифати ҳаво чӣ гуна таъсир мерасонанд. Ҳисобкунӣ аз ҷониби мо нишон дод, ки партовҳои НБА ба ҳолати атмосфера чунон таъсири манфӣ мерасонанд, ки ҳар гуна равандҳое, ки сабаби афзудани ин партовҳо мегарданд, аз ҷумла баста шудани неругоҳҳои барқи атомӣ ба саломатии одамон таъсири ниҳоят манфӣ мерасонанд. Ин махсусан ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ дахл дорад», — изҳор дошт профессори MIT Ноэл Селин, ки суханони ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ иқтибос овардааст.
Профессор Селин ва ҳамкоронаш ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки чӣ гуна дурнамои бастани шумораи зиёди неругоҳҳои атомӣ дар ИМА метавонад ба вазъи экологии кишвар таъсир расонад. Барои ин олимон модели иқлимӣ офаридаанд, ки муфассал тавсиф мекунад, ки чӣ гуна неругоҳҳои гуногуни истеъмолкунандаи сӯзишвории истихроҷшаванда ба ҳаҷми партовҳои аэрозолҳо, зарраҳои хокистар ва молекулаҳои озон, ки ба қабати поёнии атмосфера ворид мешаванд, таъсир мерасонанд.
Олимон ин моделро барои ҳисоб кардани таъсири марҳилаи пурраи энергияи атомӣ ба ҳаҷми партовҳои аэрозолҳо ва газҳои заҳролуд дар саросари Иёлоти Муттаҳида истифода бурданд. Зимни гузаронидан он чиз ба назар гирифта шудааст, ки чӣ гуна ба партовҳо аз манбаъҳои барқароршавандаи неру таъсир мерасонанд.
Мувофиқи ҳисобҳои ҳозираи коршиносон, саноати атомии ИМА аз чиҳати ҳаҷми барқи ҳосилшуда дар ҷаҳон ҷои бузургтаринро ишғол мекунад (93 блоки энергетикӣ бо иқтидори умумии 95 ГВт). Ҳиссаи тавлиди неруи атомӣ дар мувозинаи неруи Иёлоти Муттаҳида ним аср пеш, пас аз садама дар Неругоҳи барқи атомии Три Майл-Айленд дар соли 1979 тадриҷан коҳиш ёфт.
Дар натиҷаи ин ҳодиса танзимгарони соҳа намунаҳои бехатариро пуршидаттар карданд, аз ин рӯ дар байни солҳои 1979 ва 2012 барои сохтмони неругоҳҳои нави атомӣ ягон иҷозатномаи нав дода нашуд. Мушкилоти иловагӣ барои соҳа метавонад он бошад, ки зиёда аз бист неругоҳи атомӣ пас аз соли 2029 бо сабаби қатъи иҷозатнома барои фаъолият аз кор мемонанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз