Даст кашидан аз Неругоҳи барқи атомӣ ҳамасола ба ИМА то 180 миллиард доллар зарари экологӣ мерасонад

Апрель 16, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Иқлимшиносон ва экологҳо ба чунин хулоса омаданд, ки комилан даст кашидан аз неруи атомй аз тарафи Иёлоти Муттаҳида боиси зиёд гардидани партовҳои аэрозолҳо ва газҳои заҳрнок мегардад, ки воридшавии онҳо ба атмосфера ҳар сол тақрибан аз 11 миллиард доллар то 180 миллиард доллар зарари экологӣ мерасонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дафтари матбуоти Донишкадаи технологии Массачусетс (MIT) хабар додааст.

«Иштироккунандагони мубоҳисаҳо доир ба нақшаҳои бастани неругоҳҳои барқи атомӣ (НБА) ба назар намегиранд, ки ин неругоҳҳо ба сифати ҳаво чӣ гуна таъсир мерасонанд. Ҳисобкунӣ аз ҷониби мо нишон дод, ки партовҳои НБА ба ҳолати атмосфера чунон таъсири манфӣ мерасонанд, ки ҳар гуна равандҳое, ки сабаби афзудани ин партовҳо мегарданд, аз ҷумла баста шудани неругоҳҳои барқи атомӣ ба саломатии одамон таъсири ниҳоят манфӣ мерасонанд. Ин махсусан ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ дахл дорад», — изҳор дошт профессори MIT Ноэл Селин, ки суханони ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ иқтибос овардааст.

Профессор Селин ва ҳамкоронаш ба он таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки чӣ гуна дурнамои бастани шумораи зиёди неругоҳҳои атомӣ дар ИМА  метавонад ба вазъи экологии кишвар таъсир расонад. Барои ин олимон модели иқлимӣ офаридаанд, ки муфассал тавсиф мекунад, ки чӣ гуна неругоҳҳои гуногуни истеъмолкунандаи сӯзишвории истихроҷшаванда ба ҳаҷми партовҳои аэрозолҳо, зарраҳои хокистар ва молекулаҳои озон, ки ба қабати поёнии атмосфера ворид мешаванд, таъсир мерасонанд.

Олимон ин моделро барои ҳисоб кардани таъсири марҳилаи пурраи энергияи атомӣ ба ҳаҷми партовҳои аэрозолҳо ва газҳои заҳролуд дар саросари Иёлоти Муттаҳида истифода бурданд. Зимни гузаронидан он чиз ба назар гирифта шудааст, ки чӣ гуна ба партовҳо аз манбаъҳои барқароршавандаи неру таъсир мерасонанд.

Мувофиқи ҳисобҳои ҳозираи коршиносон, саноати атомии ИМА аз чиҳати ҳаҷми барқи ҳосилшуда дар ҷаҳон ҷои бузургтаринро ишғол мекунад (93 блоки энергетикӣ бо иқтидори умумии 95 ГВт). Ҳиссаи тавлиди неруи атомӣ дар мувозинаи неруи Иёлоти Муттаҳида ним аср пеш, пас аз садама дар Неругоҳи барқи атомии Три Майл-Айленд дар соли 1979 тадриҷан коҳиш ёфт.

Дар натиҷаи ин ҳодиса танзимгарони соҳа намунаҳои бехатариро пуршидаттар карданд, аз ин рӯ дар байни солҳои 1979 ва 2012 барои сохтмони неругоҳҳои нави атомӣ ягон иҷозатномаи нав дода нашуд. Мушкилоти иловагӣ барои соҳа метавонад он бошад, ки зиёда аз бист неругоҳи атомӣ пас аз соли 2029 бо сабаби қатъи иҷозатнома барои фаъолият аз кор мемонанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид