ДУШАНБЕИ ДИГАР. Дар доираи амалишавии Нақшаи генералии пойтахт сохтмони 20 гузаргоҳи нақлиётии бисёрқабата дар назар аст

Апрель 15, 2023 18:11

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ навсозии роҳҳо оғоз гардида, он тибқи талаботи байналмилалӣ барои воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон сохта мешавад. Бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба навсозии роҳҳои шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод менамояд.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имконияти васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ карда мешавад.

Инчунин дар оянда сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешавад.

Тавре қаблан дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, бунёди роҳҳои дусатҳа барои бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат мекунад.


Дар ҷараёни бозсозии роҳҳои мазкур пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеқабата, яке дар минтақаи маҳаллаи Қарияи Боло ва дигаре дар маҳаллаи 82-юм мавриди истифода қарор дода шудааст. Баъди бунёди боз ду эстакадаи нав дар ҳудуди пойтахт шумораи онҳо ба чор адад хоҳад расид.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд, то соли 2025 10 адад ва дар доираи амалишавии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе 20 чорроҳаи сесатҳа дар пойтахт сохта мешавад.

Тавре зимни нишасти матбуотии Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли равон иттилоъ дода шуд, ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Гуфта шуд, ки аз ҷумла дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади тавсеаи фаъолият дар самти кор бо занон ва оила ҷаласаи сайёр баргузор шуд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе омодагӣ ба ташкили истироҳати кӯдакону наврасон оғоз гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуданд
Шаҳрҳои Душанбе ва Нарваи Эстония ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳанд
Лоиҳаи Харитаи электронии шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад