Хазинаи байналмилалии асъор маҷбур шудааст, ки пешгӯии рушди иқтисодиро барои соли равон паст намояд

Апрель 12, 2023 17:10

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи кулли омилҳои манфӣ ба он оварда мерасонад, ки суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ соли равон назар ба пешбинишуда пасттар хоҳад буд. Идома ёфтани таварруми баланд, болоравии фоизҳо ва номуайянӣ Хазинаи байналмилалии асъорро маҷбур кардааст, ки пешгӯии рушди иқтисодиро барои соли равон паст намояд. Бо вуҷуди ин, коршиносони созмон некбинии муайян баён мекунанд. Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Euronews» хабар додааст.

«Иқтисоди ҷаҳонӣ дар роҳи тадриҷан барқарор шудан пас аз пандемия боқӣ мемонад. Иқтисодиёти нав кушодашудаи Чин ба таври ҷиддӣ барқарор мегардад. Қатъи занҷири таъминот заиф гардида, нооромиҳо дар бозорҳои энергетикӣ ва хӯрокворӣ коҳиш меёбанд»,-ишора намуд сариқтисодчии ХБА Пйер — Оливйе Гуринша.

Дар гузориши ХБА, ки рӯзи сешанбе нашр шуд, омадааст, ки афзоиши ММД дар ҷаҳон дар соли равон 2,8% ва соли 2024  3% хоҳад буд, ки ин назар ба пешбинии моҳи январ 1,5% кам аст.

Коршиносон ҳамчунин коҳиши нархи нафтро дар се соли оянда пешгӯӣ мекунанд, ки имсол то 73 доллар барои як бушка ва соли 2026 ба 65 доллар хоҳад расид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Euronews»

Апрель 12, 2023 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд