Кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд аз ҳисоби қарзи хориҷӣ ва таваррум 800 миллиард долларро аз даст диҳанд

Апрель 16, 2023 15:53

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити нооромиҳои молиявӣ ва коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ кишварҳои рӯ ба тараққиро солҳои мушкилоти иқтисодӣ интизоранд. Дар ин хусус дар гузориши нави Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD), ки рӯзи чоршанбе нашр шудааст, хабар дода шудааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Маркази хабарҳои СММ.

Аз даст додани даромад, афзоиши қарз ва нобаробарӣ

Коршиносон таъкид мекунанд, ки суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ нисбат ба пеш аз пандемия ва ҳатто буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ пасттар аст. Мувофиқи ҳисобҳои охирини Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД), соли 2023 иқтисоди ҷаҳонӣ 2,3 % рушд хоҳад кард.

Тавре ки иқтисоддонҳо ҳушдор медиҳанд, аз сабаби сатҳи баланди таваррум ва афзоиши фоизи даромад давлатҳои рӯ ба тараққӣ солҳои наздик беш аз 800 миллиард долларро ба даст намеоранд.

Ин давлатҳо инчунин бо афзоиши қарзи берунӣ, болоравии нархи озуқа (аз нишондиҳандаҳои умумии таваррум боло) ва ҳамчунин набудани дастгирии байналмилалӣ рӯбарӯ мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД), 81 давлати рӯ ба тараққӣ (ба истиснои Чин) соли 2022 захираҳои байналмилалии 241 миллиард долларро аз даст доданд ва бисёре аз онҳо захираҳои иловагии Ҳуқуқи махсуси  гирифтани қарзро сарф кардаанд.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки қарзи афзудаистода боиси буҳрони рушд ва нобаробарии бештар мегардад. Даҳҳо мамлакат ба карздиҳандагон назар ба он ки нав қарз гирифтаанд, зиёдтар музд медиҳанд, ки дар натиҷа хароҷоти ҷамъиятӣ маҳдуд карда мешавад.

Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) таъкид мекунанд, ки аллакай имрӯз шумораи кишварҳое, ки барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ нисбат ба соҳаи тандурустӣ бештар харҷ мекунанд, ба 62 адад (дар муқоиса бо 34 кишвари даҳ сол пеш) расидааст.

Чӣ тавр ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ кумак расонд?

Барои кумак ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар бартараф кардани мушкилоти иқтисодӣ зарур аст, ки рӯзномаи бисёрҷонибаи молиявиро тақвият бахшида, ба ислоҳоти сохтори қарз диққати махсус дод, таъкид шудааст дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД).

Коршиносон, аз ҷумла, даъват мекунанд, ки механизми бисёрҷонибаи ҳалли қарз, феҳристи маълумоти тасдиқшуда дар бораи амалиёти қарзии ҳам қарздиҳандагон ва ҳам қарзгирандагон ва беҳтар кардани таҳлили устувории қарз, ки эҳтиёҷоти маблағгузории рушд ва мубориза бо тағйирёбии иқлимро ба назар мегирад, ташаккул ёбад.

Ҷаласаҳои кунунии Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ имкон медиҳанд, ки маблағгузории рушдро таҳким бахшида, мушкилоти кишварҳое, ки ба пардохтпазирии бештар ниёз доранд, ҳал карда шавад.

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) чунин мешуморад, ки баровардани СДР — (Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ) -и нав ба маблағи на камтар аз 650 миллиард доллари ИМА дар сабук кардани бори қарзӣ, ки ба рушди мамлакатҳо монеъ мегардад, метавонад қадами аввалин бошад.

Нақшаи роҳбари СММ ва ислоҳоти меъмории молиявии ҷаҳонӣ

Моҳи феврали соли равон роҳбари СММ Антониу Гутерриш Нақшаи худро оид ба ҳавасмандгардонии Ҳадафҳои рушди устувор пешниҳод кард. Он ислоҳоти меъмории молиявии ҷаҳонро дар бар мегирад ва сармоягузории васеъмиқёсро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи умумии иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои кории арзанда, тандурустӣ ва таҳсили босифат пешбинӣ мекунад.

Котиби генералӣ изҳор дошт, ки дар натиҷаи татбиқи Нақша ҳама пирӯз хоҳанд гашт, аммо барои амалӣ шудани он иродаи сиёсии роҳбарони ҷаҳонӣ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, инсоният бояд «Созишномаи Бреттон — Вудс 2.0» қабул кунад.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронси Бреттон Вудс дар соли 1944 низоми байналмилалии ташкили муносибатҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ таъсис дода шуд.

«Бреттон — Вуд 2.0 барои  он лозим аст, ки дар шароите, ки мо ба сӯи номуайянӣ ҳаракат мекунем, мо тавонем талаботи дар ҳуҷҷати аслӣ гузоштаро иҷро кунем ва инчунин ҷаҳон ва сокинони осебпазири онро барои ояндаи [номуайян] омода созем», — баён намуд  Дабири кулл.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 16, 2023 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид