Конфронси СММ оид ба об дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом вазифаҳоро гузошт? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ

Апрель 11, 2023 18:28

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИ «Ховар»/. Конфронси СММ оид ба захираҳои об аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ Дар Ню — Йорк баргузор гардид. Оё ин ба ҷаҳониён дар фаҳмидани аҳамияти об, муттаҳид кардани кӯшишҳо ва вазифаҳои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ кумак намуд ва имрӯз дар назди ҷомеаи ҷаҳон кадом вазифаҳо истодаанд? Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» профессори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пулотов изҳори андеша намуд.

Оё конфронс барои дарки аҳамияти арзишмандтарин неъмат — об кумак намуд?

«Ҳоло дар соҳаи илму техника пешрафти босуръат ба назар мерасад, лоиҳаҳо ва технологияҳои азим таҳия ва амалӣ карда мешаванд, инсоният ба қуллаҳои баланд расидааст, аммо илм ҳанӯз имконияти ба вуҷуд овардани обро надорад. Арзишаш дар он аст, ки об ҳаёт аст»,-иброз дошт олим.

Ба андешаи номбурда, Конфронс нишон дод, ки дар шароити афзоиши фишор ба захираҳои об он дар кори ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, инчунин таъмини саломатӣ ва шукуфоии мардум ва сайёра нақши муҳим мебозад.

Мувофиқи оморе, ки ӯ мисол овардааст, аз ҳаҷми умумии об дар сайёраи мо ҳамагӣ 2,5% оби тоза ва 1% аз ҳаҷми умумии захираҳои об барои истифода дастрас мебошад. Арзиши об сол аз сол бо сабаби афзоиши демографии аҳолӣ, рушди бахшҳои иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим меафзояд. Талабот ба захираҳои об меафзояд, вале ин захираҳо маҳдуд мебошанд.

Барои минтақаи Осиёи Марказӣ иқдомоти муштарак — гарави ноил гардидан ба амнияти об

Муттаҳидшавии тамоми ҷаҳон ва Ню-Йорк барои пешбурди амалиёти захираҳои об, ба андешаи ӯ, натиҷаи асосии ин чорабинии таърихӣ гардид.

Албатта, Конфронси оби доиршуда барои муттаҳид кардани кӯшишҳо дар ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон ва минтақа кумак хоҳад кард.

«Барои минтақаи Осиёи Марказӣ амалиёти муштарак дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва ояндадори об гарави ноил шудан ба амнияти обӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ мебошад. Дар ин кор нақши Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, институтҳои он ва комиссияи байнидавлатии рушди устувор хеле калон аст. Бо шарофати кори муштараки ин созмонҳо дар тӯли зиёда аз 30 сол дар минтақаи мо сулҳ, некӯаҳволӣ ва рушд ҳукмфармо аст. Дар оянда барои ҳалли мувофиқашуда ва мутақобилан судманди мушкилоти обии миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ин созмонҳо ва фаъолияти вазифавии онҳо бояд такмил ва ислоҳ карда шавад»,- баён  намуд ҳамсуҳбати мо.

  Баргузории Конфронс ба нуфузи Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Тавре профессори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология ишора намуд, мувофиқи қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ аз 20 декабри соли 2018 ва 21 декабри соли 2020, Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ё Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид.

Ин қарор бе асос қабул нашудааст. Дар тӯли зиёда аз 20 соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пешбар ё пешсафи ташаббусҳои глобалии обӣ гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкории обӣ ва ҳалли мушкилоти об барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо платформа фароҳам оварда, бо дастгирии СММ конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро дар тӯли даҳсолаи амал барои об ташкил ва роҳандозӣ намуда, ба истилоҳ «Раванди оби Душанбе» — ро ба вуҷуд меорад.

Дар доираи барномаи «Раванди оби Душанбе» дар ду сол як маротиба конфронс баргузор мешавад, ки дар он барои густариши ҳамкорӣ ва баргузории муколамаи сиёсӣ имконияти саривақтӣ ва арзишманд фароҳам оварда мешаванд. 20-21 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

Дар робита ба ин Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро таҳти унвони «Тақвияти амал ва тавсеаи шарикӣ барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор намуд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо, ки якҷоя ва бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, обрӯи онро баланд бардоштанд.

Муттаҳид кардани ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти об. Магар ин имконпазир аст?

Аз нигоҳи илмӣ об дар ҳама ҷо ва ҳамеша як формула дорад — H2O, об на сарҳад дорад, на миллат, он ҳамеша дар гардиш аст. Масъалаи об васеъ ва гуногунҷанба буда, таъсири мусбат ва манфӣ дорад.

«Ман боварӣ дорам, ки мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об то соли 2030- ин табдил додани уҳдадориҳои гирифташуда ба амалҳои мушаххас мебошад. Сармоягузориҳо бояд ба таъмини дастурӣ, молиявӣ ва технологии иҷрои нақшаҳо ва уҳдадориҳои давлатҳо равона карда шаванд. Дар тамоми бахшҳо, соҳаҳо ва манфиатҳо уҳдадориҳо ва амалҳои возеҳ зарур ҳастанд, то кишварҳо, ҷонибҳои манфиатдор ва мутахассисонро дар амал муттаҳид созанд ва дар амалӣ намудани амалҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мусоидат кунанд. Таваҷҷуҳ бояд ба татбиқи босуръат ва беҳтар кардани таъсир ба ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори 6 ва дигар ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба об равона карда шавад»,- иброз намуд дар хотима олими тоҷик.

Елена БАТЕНКОВА,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2023 18:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст