Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид

Ноябрь 10, 2025 11:26

ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Саммити роҳбарон, ки  дар доираи 30-юмин ҷаласаи Конфронси тарафҳо дар бораи Конвенсия оид ба тағйирёбии иқлим /COP-30/ дар шаҳри Белени Бразилия баргузор гардид, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо изҳороти расмӣ баромад намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ин кумита иттилоъ медиҳад.

Баҳодур Шерализода ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси калидии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи гузаронидани нахустин конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдоварӣ намуд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,  платформаи таърихӣ барои расидан ба консенсуси таърихӣ дар бораи аҳаммияти нигоҳдорӣ ва ҳифзи пиряхҳо ва ёфтани ҳалли мушкилии глобалии обшавии онҳо гардид.

Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, ин масъалаи муҳимро ба чунин сатҳи баланди рӯзномаи байналмилалӣ бардоштааст. Ҳарчанд ҳиссаи мамлакат дар тағйирёбии глобалии иқлим кам аст, таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои худ дар доираи Созишномаи Париж ва қадамҳои минбаъда барои амалӣ кардани ташаббусҳо дар соҳаи нигоҳдорӣ, ҳифзи пиряхҳо ва устувории иқлимӣ содиқ боқӣ мемонад.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» маълумот дод. Дар доираи амалӣ намудани ин барнома дар Тоҷикистон қариб 2 миллиард бех дарахт шинонида мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2025 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид