РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши Тоҷикистон дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бағоят муҳим эътироф мегардад
ДУШАНБЕ, 02.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Вобаста ба баргузории ин конфронси таърихӣ мақолаи олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст, пешкаши хонандагон гардонида мешавад.
-Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун мамлакати ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим эътироф гардида, соли 2023 аз саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 20 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – СММ дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 қатънома қабул кардааст.
Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон воқеан дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёдеро дар пай доранд ва ҳамагӣ барои ҳифзи ояндаи сайёра равона гардидаву баҳри рушди оянда ҳадафҳои мушаххас доранд. Зиёда аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мамлакати ташаббускор ва пешсафи ҳалли масоили глобалии марбут ба обу иқлим дар аксар ҳамоишҳои соҳавӣ, махсусан дар доираи фаъолияти ду ниҳоди муҳими байналмилалӣ – форумҳои ҷаҳонии об ва конфронсҳои тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона иштирок менамояд ва иқдомҳои дорои аҳамияти ҷаҳониро пешниҳод менамояд. Минҷумла, се ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар доираи се форуми ҷаҳонии об, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Форуми сеюми ҷаҳонии об (Киото, Ҷопон, 2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об (Истанбул, Туркия, 2009) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об (Тэгу-Кенгбук, Корея, 2015) пешниҳод гардидаанд.
Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки ташаббусҳои мазкур аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши ҳамаҷониба қарор гиранд. Зеро ҳадафҳои меҳварӣ ва дастовардҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки онҳо ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин амалисозии фановарию навовариҳои муосир мусоидат менамоянд. Ҳалли мушкилоти глобалии об ба афзоиши сармоягузорӣ дар бахши об, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои инфрасохтор зич алоқаманд аст. Ин далел барои идоракунии оқилонаи захираҳои об ва пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба таъминоти об хеле зарур буда, ҷиҳати таъмини суръати баланди рушди иҷтимоӣ-экологӣ-иқтисодӣ аҳамияти хеле бузург дорад. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳамаи давлатҳои сайёра аз мушкилоти марбут ба об орӣ набуда, норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт, хушксолӣ, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар офатҳои табиӣ монеаҳои асосии рушди устувор ва зиндагии шоистаи бошандагони кураи арз гардидаанд.
Бар замми ин, тибқи далелҳои илмӣ, қариб 60% экосистемаи табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманд аст, бар асари шиддати равандҳои таъсироти ногувори антропогению тағйирёбии иқлим харобгардида ҳисобида мешавад. Вазъи мазкур ба ҳаҷм, ҳолат ва самаранокии захираи обҳои истифодашаванда, пеш аз ҳама, оби нӯшокӣ таъсири ногувор мерасонад.
Аз ҷониби дигар, ҳамбастагии зичи об, муҳити зист ва иқлим зудтағйирёбанда гардида, ба афзоиши офатҳои гидрометеорологӣ мусоидат менамояд ва ба ин восита ба тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ таъсири манфӣ меорад. Махсусан, тағйирёбии иқлим, ки пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон дигаргунӣ ворид менамояд, ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти бузург – обшавии босуръати пиряхҳо рӯ ба рӯ гардонидааст. Ин ҳама мушкилот дар масири расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мамлакати кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги гидрологию глятсиологӣ аст, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Бинобар ин, ҳадафҳои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳоро таъкид менамоянд. Зеро ин иқдому ташаббусҳо на танҳо хусусияти соҳавию минтақавӣ, балки ҷанбаҳои муҳими инсондӯстию гуманистӣ, аҳамияти байналмилалию глобалӣ дошта ва ба самти сулҳу дӯстӣ, ҳамзистию муттаҳидии сокинони сайёра нигаронида шудаанд, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта, мақоми давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам менамоянд.
Конфронси оби СММ-2023, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд доир гардид, яке аз ҳамоишҳои бағоят муҳим дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дуюмин конфронси сатҳи баланд дар таърихи ин созмон мебошад. Ин ҳамоиши муҳим ҳазорон нафарро аз тамоми гӯшаю канори сайёра ба ҳам оварда, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, истифодаи оқилонаи об, андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ гардид.
Зимни суханронии хеш дар конфронси мазкур Пешвои миллат бори дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи об, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табиии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуданд.
Чунин арзёбии дақиқ ва масъалагузории саривақтии Эмомалӣ Раҳмонро далелҳои фаровони илмӣ собит менамоянд ва амали бағоят зарурӣ меҳисобанд. Мисол, тибқи таҳлили охири Бунёди СММ оид ба кӯдакон (UNICEF), танҳо дар 10 мамлакати африқоӣ дар натиҷаи омӯзиши се таҳдиди марбут ба об – норасоии об, санитария, беҳдошту бемориҳои вобаста ба он ва инчунин хатари тағйирёбии иқлим 190 миллион кӯдак таҳти хатари бузург қарор доранд. Мувофиқи ин таҳлил, манотиқи Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ ба яке аз ноҳияҳои ҷаҳон, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим бештар аз ҳама бо норасои об дучор гардидаанд, табдил ёфтааст.
Бояд таъкид намуд, ки дар ҳошияи конфронс чандин иқдомҳои хоссаи дигар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуданд, ки ба ҷаҳониён аз таърихи пурғановату бостонӣ доштани миллати тоҷик, ҷонибдори муттаҳидии давлатҳои ҷаҳон будани Тоҷикистон, пуштибони ҳифзи саломатии сокинони кураи Замин будани Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медоданд.
Тавъам ба дигар чорабиниҳои дар доираи Конфронси оби СММ-2023 баргузоргардида яке аз муҳимтарин ҳамоишҳо чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи илм, маориф ва фарҳанги СММ (UNESCO), Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) доир намуд. Ин чорабинӣ низ дар асоси ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Пешвои миллат, яъне соли 2025 – Соли байналмилалии пиряхҳо баргузор гардида, дар роҳи татбиқи қатъномаи нави СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо қадами нахуст ба шумор меравад.
Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёра ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла захираҳои оби Тоҷикистон, ки мамлакати манбаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал аст, аз пиряхҳо ва барфҳои доимӣ ғизо мегиранд. Пиряхҳо таъмини захираҳои обро дар давраи гарми сол, ки барои обёрикунонӣ зарур аст, ба амал мебароранд. Аммо, тавре аз далелҳо маълум аст, солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо афзуда, таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ, тағйироти иқлим, ирригатсия ва гидроэнергетика, ки манбаи «энергияи сабз» муаррифӣ гардидааст, мерасонад. Яъне, зери таъсири тағйирёбии иқлим андоза ва ҳаҷми пиряхҳо, махсусан пиряхҳои ноҳияҳои кӯҳсор коҳиш ёфта, танҳо дар 50 соли охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои ҷумҳурӣ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Аз ин рӯ, агар раванди босуръати обшавии пиряхҳо сари вақт пешгирӣ карда нашавад, дар даҳсолаи наздиктарин масъалаи таъмини аҳолии сайёра ба оби тоза боз ҳам шиддат мегирад. Маҳз бо назардошти ин мушкилот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки барои ҳифзи пиряхҳо бояд муштарак талош намуда, ҷиҳати пешгирии раванди гармшавии ҳарорати ҳаво тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси оби СММ-2023 оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро дар сатҳи баланд роҳбарӣ ва назорат намуда, дар баробари суханрониҳои асоснок ва пешниҳодоти мушаххас дар маросими пӯшидашавии конфронси мазкур аз уҳдадориҳои ба Рӯзномаи амалиёти об воридгардида истиқбол карданд, пайгирии татбиқи васеи онҳоро зарур шумориданд ва дар робита ба ин иброз намуданд, ки «Рӯзномаи амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта, Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад». Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат саривақтӣ буда, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, институтҳои минтақавию байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳонро водор менамояд, ки ба мушкилоти марбут ба об боз ҳам бештар таваҷҷуҳ кунанд, зеро рушди устувори тамоми соҳаҳои фаъолият аз об вобастагии амиқ дорад. Ҳамчунин дар доираи платформаи «Раванди оби Душанбе», ки чун дигар институтҳои байналмилалии марбут ба обу иқлим, аз қабили Шӯрои ҷаҳонии об ва Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим барои пешбурди муколамаву мубоҳисаҳо дар ин самт заминаю шароити мусоид фароҳам овардааст, мунтазам баргузор намудани конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд аҳамияти бузурги илмӣ, тавсиявӣ ва амалӣ дорад.
Ориф АМИРЗОДА,
Директори Институти масъалаҳои об,
гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои технкӣ
Номвар ҚУРБОН,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»